Сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба водии Язгулом
Ба ифтихори таҷлил аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар баробари дигар минтақаҳои кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин созандагиҳо авҷӣ тоза дорад.
Ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо корҳои созандагиву бунёдкори санаи 21 феврали соли равон раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба води Язгулом ноҳияи Ванҷ сафар намуда, нахуст дар деҳаи Жамак бо сохтмони хонаи фарҳанг шинос гардид. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмони дар хонаи фарҳанг оғоз гардида, дар асоси нақша моҳи июн ба анҷом расонида мешавад.
Ҳамзамон, дар деҳаи мазкур китобхона низ сохта то ҷашни бузурги миллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ аҳли деҳаро бо фарорасии 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда иброз дошт, ки маҳз фаъолияти пурсамари афсарону сарбозони шуҷову далер Ватан аст, ки имрӯз сулҳу субот таъмин ва мардум дар фазои орому осуда зиндагӣ доранд.
Бо дастуру ҳидоятҳо ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи маҳаллии Ҷамоати деҳоти Язгулом то деҳаи Вишхарв асфалтпуш гардида, то самти деҳаи Зайч васеъ ва таъмир гардида аз ҷониби ҳукмат купруки замонавӣ дар деҳаи Зайч то ҷашни бузурги давлати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд мегардад.
Зимни баромад раиси вилоят изҳор дошт, ки барои бунёди хонаи фарҳангӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ масҳулоти сохтмонӣ пурра таъмин мегардад. Инчунин, дар ин деҳа китобхонаи замонавӣ низ бунёд мегардад. Дар деҳаи Жамак раиси вилоят бо фаъолияти муассисаи томактабӣ шинос гардида, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани муассиса ва пурра фаро гирифтани кӯдакон ба он дастуру супоришҳои иловагӣ доданд.
Дар деҳаи Андарбак раиси вилоят бо сокинон ва ҷавонон суҳбати сарироҳӣ анҷом дода, таъкид дошт, ки бахшида ба Наврӯзи оламафрӯз дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ чорабиниҳои варзишӣ аз ҷумла гӯштин ва волейбол баргузор мегардад ва иштироки варзишгарони водии Язгулом дар чорабиниҳои зикргардида муҳим мебошад.
Дар деҳа Андарбак корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабӣ ва деҳаҳои Вишхарв ва Мотравн сохтмони китобхонаҳои муосир бомаром идома доранд.
Раиси вилоят дар деҳаи Будун аз фаъолияти китобхона дидан карда бо фаъолони китобхона, ки пайваста барои мутолиаи китобу асарҳои бадеӣ ба ин макон ташриф меоранд суҳбат анҷом дод. Раиси вилоят аз хонандагон ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии бахусус “Фуруғи субҳидоноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва дигарон даъват ба ҳамал овард.
Ҳамзамон, раиси вилоят бо сокинони ин деҳа дар назди китобхона суҳбати озод ороста аз дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуданд. Сокинони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз ғамхориҳо ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнуди намуда, иброз доштанд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил аз санаи муқаддасу таърихӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.




