ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ВАНҶ
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри ба кишвари сабз табдил додани мамлакатамон, имрӯз, 22 феврал, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ қад қади роҳи мошингузар баргузор гардида, беш аз ду ҳазор дона ниҳоли ҳамешасабзу сояафкан дар марҳилаи аввал шинонда шуданд. Тибқи нақша дар соли равон дар ҳудуди ноҳия дар 41 гектар дарахтҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинонда мешавад.
Зимни шинонидани ниҳолҳо, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сокинону масъулони ноҳия вохӯрда, ин амали хайрро дар беҳтарсозии муҳити зист ва зебоии табиат унвон намуд. Аз масъулони сохторҳои дахлдор даъват карда шуд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонидашуда зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта дарахтон ба таври зарурӣ нашъунамо ёбанд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳам рӯзҳои наздик баргузор мегардад.




