БАДАХШОН. МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ АЗ НАМУДИ ФУТБОЛ БАЙНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТӢ ҶАМЪБАСТ
Бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ баргузор гардид.
Санаи 23 феврал соли равон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ дар бозии ниҳоӣ байни дастаҳои РВКД дар вилоят ва РКДАМ ҷиҳати дарёфти Ҷоми Раиси ВМКБ бо ҳам рақобат намуда, дастаи РВКД дар ВМКБ сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар ҷамъбасти мусобиқа ширкат варзида, иштирокдорон ва варзишгаронро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз таърихи таъсисёбӣ ва дастовардҳои Артиши миллӣ ёдоварӣ намуд. Ҳамзамон, раиси вилоят ғолибони мусобиқаро ҷиҳати сазовор гардидан ба Ҷоми Раиси вилоят самимона табрик гуфта, таъкид дошт чунин чорабиниҳо минбаъд низ дар вилоят роҳандозӣ мегарданд.
Дастаи РВКД дар вилоят, ки сазовори ҷойи аввал гардиданд бо медал, диплом, Ҷоми Раиси вилоят ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Инчунин дастаҳое, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд бо медал, диплом ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Беҳтарин ҳамлагарону бозингарон ва дарвозабон низ ҳавасманд гардиданд.




