Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ДАЪВАТИ ҲАФТУМ ДОИР ГАРДИД.

Санаи 27 – феврали соли ҷорӣ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъвати ҳафтум бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.

Нахуст, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз рӯи масъалаи якум ” Дар бораи иҷрои нақша ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳолати хоҷагидорӣ истифода ва идораи моликияти коммуналии ВМКБ” дар соли 2025 баромад намуда, зикр дошт, ки дар доираи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят 140 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки аз ин шумора 43 корхонаҳои саноатӣ ва 27 муассисаҳои томактабӣ ташкил доданд. Иброз доштанд, ки баҳри таҷлили сазовор аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, то соли 2025-ум 1469 иншоот, ба маблағи 5,2 млрд. сомонӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд, ки 108 фоизи иҷрои бандҳои нақша- чорабиниро ташкил медиҳад ва ҳамаи он оъектҳое, ки мавриди баҳрабаррӣ қарор дода шудаанд ба некуҳволии мардум ва рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят нақши калиди доранд.

Иброз гардид, ки баҳри таъмини муқарароти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чораҳои иловагӣ андешида шуда, ҳамаи маблағгузориҳои идораю муассисаҳои вилоят ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ қайд намуданд, ки мақомоти вилоят соли гузашта Барномаи нави рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоятро барои 5 соли оянда таҳия намуда, Маҷлиси вакилони халқи вилоят онро якдилона қабул намуд, ки баҳри роҳандозии бандҳои он қариб 20 млрд сомони равона мегардад. Ҳамчунин роҳбарияти вилоят оид ба рушди соҳаи саноат, энергетика, сохтмони роҳҳои автомобилгард ҳисобот дода қайд доштанд, ки дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, зиёда аз 382 иншоотҳо бунёд гардиданд.

Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии вилоят тағйироти ҷиддӣ ба амал омада, заҳмати кишоварзони вилоят дар соли 2025 самараи хуб ба бор оварда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 1 млрд баробар шуд, ки ин нисбати соли 2024-ум 43,2 млн. сомонӣ ё 4,0 фоиз зиёд мебошад.

Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ соҳаи иҷтимоиро яке аз афзалиятноктарин соҳаи сиёсати давлатӣ унвон намуда, иброз дошт, ки ҳамасола бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маблағҳои бузург ба ин соҳаҳо ҷудо гардида, барномаҳои зиёд амалӣ карда мешаванд ва дар ВМКБ ба соҳаҳои иҷтимоӣ: маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, занону оила, меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ диқати зарурӣ равона карда шуда, дар ин самтҳо натиҷаҳои назаррасро ба даст овардем.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти эълон гардидани соли 2026-ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ“ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоз пайдо намуда, итминон меравад, ки дар доираи таҷлили бошукуҳи 35 -умин солагарди Истиқлолияти комили миллӣ як қатор иншоотҳои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.
Таъкид гардид, ки марҳилаи рушди бесобиқаи вилоят, ки бо ташаббуси Пешвои раъиятпарвари миллат чор сол муқаддам эълон гардида буд, моро ба натиҷаҳои беназир ноил намуд.

Пас аз ҳисоботи раиси ВМКБ вакилон аз ҳавзаҳои интихоботӣ низ вобата ба дастоварҳои ВМКБ, дар давоми соли 2025 ибрози ақида намуда, ҳамаи ин натиҷаҳоро меҳваи шаҳдбори соҳибистиқлолии кишвар ва дастуру ҳиядоятҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон нисбати ин минтақа унвон намуданд.

Масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосияро тасдиқи барономаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои виоят барои солҳои 2026 – 2030 ташкил дод. Вобаста ба ин масъала раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят гузориш дода, вобаста ба қабули лоиҳаҳо дар робита ба пешрафти самтҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагӣ , ҳамчунин рушди ҳаматарафаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ибрози андеша намуда, вакилон якдилгона қарорҳоро қабул карданд

Дар робита ба маъалаи сеюми рӯзнома ахбороти Комиссияаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба номгузорӣ баррасӣ гардид. Тасдиқи қарорҳои раиси ВМКБ, ки байни иҷлосияҳои сеюм ва чорум даъвати ҳафтум дар самти тағйироти кадрӣ масъалаи чоруми рӯзномаи иҷлосияро ташкил дод ва кадрҳои навтаъинро муаррифӣ намуданд. Дар асоси фармоиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асламшозода Нилуфар Давлатназар ба мансаби сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят ва Хушов Илҳом Музаффаршоевич ба мансаби намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар шаҳри Душанбе таъин гардиданд.