Машварати васеи назди раиси ВМКБ баргузор гардид
Дар машварати васе, ки имрӯз бо роҳбарии раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид, Рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 31 майи соли 2022, № 185 оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, № АП 188 Дар бораи сазовор ҷашн гирифтани 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рафти иҷрои қарори раиси вилоят аз 15 сентябри соли 2025, № 257 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2025, № 450 Дар бораи тартиби расонидани кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо) -и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Аз рўи масъалаи якум муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон ва рўи масъалаи дуюм муовини раиси вилоят Авзалшо Муслима Аскаршо баромад намуданд.
Дар охири машварт Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъалаҳоро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.




