Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Таҷлили “Рӯзи Модар” дар ВМКБ

Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Модар дар театри вилоятӣ ба номи М. Назаров ҷамомади тантанавӣ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси вилоят ва ҳайати расмиро аҳли ҳунар бо созу сурурд, ки васофи модар буданд, пешвоз гирифтанд.

Дар толори театри вилоятӣ Раиси вилоят кулли бонувон, модарони мушфиқ ва хоҳарону духтарони азизро бо Иди Модар самимона табрику таҳният намуда, ба ҳамагон саодати рӯзгор, хонаи обод ва хушбахтиву саломатии бардавомро таманно намуданд. Зикр кард, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон, таҳти сиёсати модарпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имконияти мусоид ба вуҷуд омад, то мақому манзалати бонувон дар мамлакати мо ба сатҳи баланд бароварда шавад.

Имрӯз бонуи тоҷик соҳиби ҳуқуқҳое мебошад, ки дар баъзе давлатҳои ҷаҳон, занону духтарон дар орзуи онҳо мебошанд.
Иштироки бонуи тоҷик, дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат вусъати бесобиқа пайдо намуда, айни ҳол, намояндагони ин қишри бонуфузи ҷамъият дар арсаи сиёсату давлатдорӣ, дипломатия, қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқ, тиҷорат, иқтисоду молия, фарҳангу маориф ва тандурустӣ аз бист то ҳаштод фисади кормандонро ташкил медиҳанд.

Таъкид гардид, ки ба замми ин, занони қавиирода ва пурҷасорати тоҷик дар ҷодаи таъмини мудофиавии давлат ва амнияти миллӣ низ содиқона ифои вазифа намуда, дар навъҳои гуногуни варзиш шарафу эътибори Тоҷикистонро, бо ғолибиятҳои худ боло мебардоранд.
Дар зимн таъкид бояд намуд, ки саҳми бонувони ватанпарасту миллатдӯстамон дар таҳкими соҳибистиқлолӣ, истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллии Ватанамон бориз дониста мешавад.

Ҳангоми мулоқоту чорабиниҳои расмӣ ва вохӯриҳои ташрифотӣ дар шаҳру ноҳияҳо Роҳбари меҳрубони Давлатамон, дар қатори дигар масъалаҳои мубрам, ҳатман ба масъалаи оила ва махсусан, ҳурмату эҳтироми Модар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
Чунин муносибатро мунтазам мо зимни ташрифҳои созандаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баръало мебинем. Пешвои ғамхори миллат бо модарону бонувони бадахшонӣ суҳбатҳои бародаронаву падарона доир намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифта, ҳатман қадрдонӣ мекунанд.
Ин қадрдонии Пешвои муаззами миллат арҷгузорӣ ба арзишу анъанаҳои волои миллӣ мебошад. Дар фарҳанги бою бостонии миллати ориёнажоди тоҷик аз қадимулайём манзалат ва эҳтироми Зан-Модар ҷойгоҳи сазовори худро доро буд.

Раиси вилоят дар баромади худ таъкид дошт, тавре ки маълум аст, соли равон кулли тоҷикистониён ва тоҷикони ҷаҳон 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистони азизро бо шукуҳу шаҳомати бузург таҷлил менамоянд.
Аз он ҷумла, дар ВМКБ ин раванд вусъати бесобиқаро касб намуда истодааст. Бо сипосгузорӣ қайд бояд намуд, ки дар ҷараёни бесобиқаи созандагӣ саҳми бонувон, яъне роҳбарзанони мақомоти давлатӣ, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва бонувони соҳибкор хеле калон мебошад.

Бархе аз модарону бонувони фаъол, собиқадорон дар ин Рӯзи фархунда бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадр карда шуданд.

Ҳунармандони шинохта бо гулдасти мусиқии хеш ҷашни модарронро пуршукӯҳ намуданд.