Номаи табрикии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори Рӯзи модар
Модарону хоҳарони азиз,
бонувони арҷманд!
Воқеан мояи ифтихор ва фараҳмандӣ аст, ки бо дастуру ҳидоят ва ибтикороти пайвастаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занон дар ҷомеа ва дигар хислатҳои нодири ин олиҳаи зиндагӣ мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирифтааст.
Имрӯз ҷойгоҳу мартабаи модари тоҷик дар таълиму тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, рушди фарҳангию маънавии ҷомеа, инчунин, таҳкими пояҳои асосии Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ, ободонию созандагӣ ва умуман, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ бисёр ҳам арзишманд аст.
Рўзи Модар эълон шудани ҷашни байналмилалии бонувон дар кишвари азизи мо бо иқдоми бевоситаи Роҳбари давлат бесабаб нест. Ба бузургии ин фариштаи заминӣ аз давраи аҷдодони мо арҷу эҳтироми беканор гузошта шуда, дар давраи соҳибистиқлолӣ бошад, эҳтиром ба зан-модар мавриди таваҷҷуҳи амиқ қарор гирифтааст. Зеро модарону бонувони тоҷик сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на танҳо самимона дастгирӣ намуданд, балки барои татбиқи воқеии ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон саъю талошҳои бепоён карданд.
Биноан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Мо ба нақши модарону занон дар рушди ҷомеа, пешрафти давлат, ободии Ватан, бунёди оилаи солиму хушбахт, тарбияи фарзандони солеҳ ва афзоиши шаъну эътибори ҳар як хонадони тоҷик ҳамеша арҷ мегузорем ва хизматҳои таърихии онҳоро доим гиромӣ медорем”.
Феълан ифтихорманд аз онем, ки шумораи зиёди бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва вилоят адои вазифа намуда истода, бо дониш, меҳнати шоиста, ақлу заковати азалӣ, нерўи созанда дар таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзанди боодобу соҳибмаърифат, ватандўсту худшинос, рушди иқтисоду иҷтимоъ ва илму фарҳанг саҳми арзанда мегузоранд.
Масъалаи аз ҷониби бонувон гиромӣ доштани фарҳангу маданияти либоспӯшӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва риояи қонунҳои миллии низ пайваста мавриди назари роҳбарияти давлат қарор гирифта, дар ин маврид пешгирии бегонапарастӣ, саъю талоши боз ҳам бештар ба хотири таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми бонувони мо дониста мешавад.
Ҳамаи бонувони саодатёри Бадахшон ва дар симои онҳо тамоми бонувони иззатманди Ватанро ба ифтихори Рўзи Модар самимона табрик мегўям ва ба Шумо хотири ҷамъу дили шод, рўзгори неку хонаи обод таманно мекунем. Мехоҳам, ки мисли баҳори ҳамешазабз доиман шукуфтарў ва зебо бимонед!
Идатон муборак, бонувони азиз!



