Ба ифтихори таҷлили сазовор аз Рӯзи Модар раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба табрики омӯзгорони Муассисаи давлатии таълими “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хоруғ рафтанд.
Нахуст раиси вилоят аз китобхонаи муассиса дидан намуда, иттило дода шуд, ки маҳз бо ташаббуси маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 8 сол боз озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, Илм фуруғи маърифат” “Тоҷикистон ватани азизи ман” роҳандози гардидаст, ки хонандагон фаъолона иштирок намуда, сазоври ҷойҳои намоён мегарданд. Ин аз он далолат медиҳанд, ки барои омодагӣ ҷиҳати иштирок дар озмунҳо номгӯи чи китобҳои дарсӣ ва бадеӣ дар фонди китобхона маҳфуз буда, иштирокчиёни озмунҳо метавонанд дилхоҳ китобро аз ин китобхона дастрас намоянд. Роҳбарияти вилоят аз маъмурияти муассисаи даъват ба амал овард, ки барои иштирок хонандагон дар озмунҳо ва таъмини онҳо бо маводҳои фанни ва бадеӣ кушиши бештарро ба харҷ диҳанд то ки ғолибиятҳо дар сатҳи ҷумҳури сол аз сол тамоюли афзоиш дошта бошад
Ҳамчунин аз намоиши дастовардҳои шогирдони муассисаи номбурда боздид анҷом доданд.
Раиси ВМКБ кули омӯзгорони ин боргоҳи илму донишро ба рӯзи Модар аз самими қалб табрику таҳният гуфта, диққати аҳли толоро ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ҷалб намуда, зикр дошт, ки ҳар яки мо бояд аз сулҳу субот, тинҷиву амонӣ ва ваҳдати миллӣ шукргузор бошем.
Сол аз сол дастовардҳо ва пешравиҳои тамоми соҳаҳои ҳаётан ҷомеа ба чашм расида, ҳадафҳои стратегии кишвар баромадан аз бумбасти комуникатсиони, ноил шудан ба Истиқлолияти энергетики ва таъмини амнияти озуқавори марҳила ба марҳила амали шуда истодаанд. Таҳлилҳо нишон дода истоданд, ки давоми чанд соли охир бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявиву байналмилалӣ, ба истифода додани неругоҳои барқи офтобӣ, муассисаҳои типи нав толору мактабҳои варзишӣ аз шарофатии истиқлолият ва дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар руи кор оварданд.
Аз омӯзгорон даъват ба амал овард, ки дар самти тарбияаи кӯдакон бештар масъулияти зиёдро равона намоянд, зеро агар тарбия хуб ба роҳ монда шуда бошад, ҳамон кадар таълим низ дар сатҳи баланд бардошта мешавад.
Омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати баргузор намудани чунин вохурии самими изҳори қаномаанди баён намуда, аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи маориф низ изҳори сипос намуданд.
Бархе аз омӯзгорон бо Ифтихрнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят қадр карда шуданд.






