ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БО ЗАНОНУ БОНУВОН
Дар арафаи таҷлили “Рӯзи Модар” раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев боздид ба амал оварда, бо занону бонувони вохӯрӣ намуданд.
Дар доираи боздид, раиси вилоят аз вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону муҳаққиқони донишгоҳ шинос гардиданд. Иттило дода шуд, ки дар солҳои охир сатҳу сифати таълиму тарбия, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ беҳтар ба роҳ монда шуда, заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ бо технологияи иттилоотӣ-таълимӣ муҷҷаҳаз гардидааст. Таъкид гардид ки, бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии донишгоҳ бо маром идома дорад.
Ҳамзамон вохӯрии самимии раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо занону бонувони донишгоҳ, Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандаров, Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва филали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ баргузор гардид. Раиси вилоят, бонувонро бо “Рӯзи Модар” муборакбод намуда, аз фаъолияти самарабахши онҳо дар таълиму тарбия, илму маърифат ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавон ибрози андеша намуданд.
Дар фароварди вохурӣ як зумра занону бонувон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд








