Табрикоти Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик
Аҳли қалам ва сухани вилоят,
Собиқадорони соҳаи матбуот!
Бо камолу эҳтироми хоса Шумо суханварону нуқтасанҷон ва қаламкашони закиву хирадпешаро ба ифтихори Рӯзи матбуоти ки дар ин соли пур аз муваффақиятҳову музаффариятҳо, бахусус ҷашни бузурги миллати тоҷик, 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, сидқан ва самимона табрику шодбош менамоям.
Боиси ифтихори ҳамагон ҳаст, ки матбуоти тоҷик тавонист, ки ҳамчун солномаи рӯзгори мардуми тоҷик, инъикосгари ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон гашта, рисолати таърихиашро сарбаландона иҷро намояд.
Рузи матбуоти тоҷик ба аввали фасли баҳор рост меояд ва ин худ як руйдоди басе муҳиму хотирмон мебошад, зеро ки дар баҳор табиат аз нав эҳё мегардад ва матбуот ҳам қудрати эҳё кардану офаридан дорад. Ин ки васоити ахбори умум нерӯи тавоноиҷамъиятӣ ва аслиҳаи пуриҷтидори ҳокимият мебошад ва ин нақши онро ягон кас инкор карда наметавонад. Ба ҳақиқат дар ҳар замони муосир мо бараъло мушоҳида карда истодаем, ки васоити ахбори умум дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна нақши муассире дорад.
Матбуот ва расонаҳои ахбор ба афкори ҷомеа таъсири бузург мерасонанд. Василаи қудратманду неруи тавонои ҳар кишвар дар пешбурди идеология, инъикоси ҳаёти ҷомеа, таъмини озодии баён, тақвияти меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, густариш ва ҳимояи арзишҳои миллӣ маҳз васоити ахбори умум маҳсуб мегардад.
Васоити ахбори умум аз василаҳои пуриқтидору тавони кишвар дар пешбурди идеологияи кишвар, инъикоси воқеияти ҷомеа ва рӯзгор, таъмини озодии баён, таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дар пойдории рукнҳои асосии давлати демократӣ нақши калиди дорад. Фазои иттилоотии ҳар як кишвар ва ҷаҳонро маҳз воситаҳои ахбори омма ба вуҷуд меоранд, ба ин хотир, васоити ахбори умум аслиҳаи бисёр тавонои идеологӣ мебошанд, ки метавонанд афкори аҳли ҷомеаро ба самти муайян равона созанд.
Имсол мардуми сарбаланди тоҷик 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки таҳкиму тақвияти Истиқлоли давлатӣ на танҳо аз ободкориву созандагӣ ва фаъолияти мо, балки аз бисёр ҷиҳат аз фаъолияти аҳли қаламу эҷод сахт вобаста мебошад. Аз рӯ, аҳли сухан бояд дар ин соли таърихӣ бо қалам дастовардҳои таърихи сиву панҷсолаи кишвари азизамонро саривақт инъикосу пешкаши омма гардонанд ва ҷомеаро ба ҳамдилию бунёдкорӣ даъват намоянд. Дар айни замон, танҳо ваҳдату ҳамдилӣ, иттифоқу иттиҳод ва сарҷамъӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба фардои дурахшон мерасонад.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар тамоми матбуотчиёни вилоят ва дигар алоқамандонро бо ин ҷашни бошукӯҳи касбӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон парвозҳои баланди эҷодӣ ва ҷиҳати саҳмгирӣ дар пешрафти кишвари азизамон комёбиҳо хоҳонам.
Сарбаланду фирӯз бошед!



