ВМКБ. Рӯзи таъсисёбии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Имрўз 13 марти соли 2026 дар толори прокуратураи ВМКБ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34-солагии таъсисёбии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ прокурори вилоят Зайниддинзода Амир Кўҳкан, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандону собиқадорони мақомоти прокуратура иштирок доштанд.
Маҷлиси тантанвиро прокурори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Зайниддинзода Амир Кўҳкан ифтитоҳ намуда, кормандони мақомоти прокуратураро ба рўзи иди касбӣ табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз мақомоти прокуратура ба як ниҳоди муҳими давлатдорӣ табдил ёфта, дар таҳкими сулҳу субот, таъмини волоияти қонун ва рушду тарақиёти кишвар нақши назаррас дорад.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлалӣ мустақилияти пурраи прокуратураи Тоҷикистон таъмин гардида, имконият дод, ки вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти он бо дарназардошти манфиати миллӣ, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар муайян карда шаванд. Прокурори вилоят аз дастовардҳои прокуратураи вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.
Дар маҷлиси тантанавӣ Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ кормандони прокуратураи ВМКБ-ро ба рўзи касбиашон табрик намуда, аз фаъолияти хубӣ кормандони прокуратура дар таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ёдовар гашта, ба кормандони прокуратура дар фаъолияти минбаъда барору комёбиҳо таманно намуд.
Зикр карда шуд, ки марҳилаи фаъолияти сиву чорсолаи мақомоти прокуратура нишон дод, ки ин ниҳоди бонуфуз тавонист дар давраҳои душвори таърихи давлатдориамон рисолати худро баҳри ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва ҷомеа сарбаландона адо намояд. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки мақомоти прокуратура чун дигар сохторҳои амниятию ҳифзи ҳуқуқ мустақил гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддию молиявии он ташаккулу таҳким ёфта, нақши он дар таъмини волоияти қонун ва иҷрои талаботи низоми қонунгузории кишвар баланд бардошта шуд.
Марҳилаи фаъолияти сиву чорсолаи мақомоти прокуратура бармало нишон дод, ки ин ниҳоди бонуфуз тавонист дар давраҳои душвори таърихи давлатдориамон рисолати худро баҳри ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва ҷомеа сарбаландона адо намояд. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки мақомоти прокуратура чун дигар сохторҳои амниятию ҳифзи ҳуқуқ мустақил гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддию молиявии он ташаккулу таҳким ёфта, нақши он дар таъмини волоияти қонун ва иҷрои талаботи низоми қонунгузории кишвар баланд бардошта шуд.
Инчунин дар чорабини кормандон ва собиқадорони мақомоти прокуратура низ суханронӣ намуданд.
Бархе аз кормандон ва собиқадорон бо Ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.




