Дави наврӯзӣ дар шаҳри Хоруғ
Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, бо иштироки Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ, муовинон, раиси шаҳри Хоруғ, кормандони сохторҳои қудратӣ, Дави наврӯзӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур тамоми қишриҳои ҷомеа аз ҷумла наврасон, ҷавонон, занон ва калонсолон низ иштирок доштанд. Чорабини дар майдони Исмоилӣ Сомонӣ оғоз гардида, Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ тамоми иштирокдоронро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда иброз дошт дави Наврузӣ, баёнгари сарҷамъию муттаҳидӣ, саодатмандию сарфарозӣ ва нишона аз сулҳу оромии Ваатани азизамон мебошад.
Зеро дар ин чорабинӣ, на танҳо ҷавонон, балки тамоми қишрҳои ҷомеа, новобаста аз синну сол фаъолона иштирок меварзанд. Аз сӯйи дигар, дар арафаи Наврӯз баргузор намудани Дави дастаҷамъона басо рамзӣ мебошад, чунки варзиш ҷузъи таркибии наврӯзи хуҷастапай мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳар як иқдому чорабиниҳое, ки ҷиҳати инкишоф ва густариши варзиш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешавад, маҳз ба хотири ҳамгироии иҷтимоӣ, таъмини субботи сиёсӣ, оммавигардонии варзиш ва неруманду қавъӣ гардонидани ҷомеа нигаронида шудааст.
Дави миллӣ аз майдони Исмоилӣ Сомонӣ шуруъ шуда дар назди Боғи Ғалабаи шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид.




