Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр

Ҳамдиёрони арҷманд!
    Моҳи шарифи Рамазон ҳамчун моҳи муборак ва баракат, раҳмату мағфират, авфу бахшиши гуноҳҳо, шикастани нафсҳо ва тозасозии ҷисму қалбҳо аз кудуратҳо, ғолибияти ақл бар нафс, анҷом додани амлҳои хайру савоб ва бо дигар фазилатҳои некаш ба поён мерасад ва  мо чун ҳарсола онро дар фазои сулҳу оромии кишвари азизамон таҷлил мекунем.
Ба ин муносибат тамоми мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Мардуми мо дар моҳи шарифи Рамазон, кӯшиш мекунанд, ки фазилатҳои парҳезагориро бештар риоя кунанд, аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, ба аёдати падарону модарони худ раванд ва шахсоне, ки тавону имконашон бештар аст, ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон мададу ёрмандӣ мерасонанд.
Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандӯст вазифадор аст, ки дар ин рӯзи саид садақаи Фитрро дастаҷамъона ҷамъоварӣ намуда, ба мӯҳтоҷону ниёзмадон кумакҳои моддӣ расонад, инчунин дар пешгирии исрофкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ва оростани дасторхони маънавӣ ва хоксорона дар рӯзҳои ид саҳмгузор бошад.
Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии худ изҳор доштанд, ки “Дар робита ба иди сайиди Фитр, мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон созам, ки ин ид мисли дигар анъанаву суннатҳои милливу эътиқодии мо дарбаргирандаи арзишҳои зиёди ахлоқиву маънавӣ мебошад”.
Дар баробари ин, моҳи шарифи Рамазон ба сифати имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ҳидоят мекунад.
Чун имсол бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли  вусъат додани  корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту  таҳкими  худшиносиву  худогоҳии миллӣ”  эълон гардиданд, ҳар яки моро зарур аст,  ки бо истифода аз ин  рӯзҳои гарму офтоби сокинонро  ба ободкорӣ ва созандагӣ даъват намуда, дар пешрафту ободии диёр саҳми босазои худро гузорем.
Мо ба нерӯ ва тавони мардуми сарбаланди Бадахшон  боварӣ дорем ва  борҳо шоҳид  шудаем, ки ин мардуми баору номус маъракаҳои сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангиро баланд баргузор намудаанд.
Дар охир бори дигар кулли мардуми шарифи Бадахшонро ба фарорасии Иди саиди Фитр сидқан табрику гуфта, барои ҳар як фарди ин сарзамин хонаи ободу осуда, ризқу рӯзии фаровон ва саодату хушрӯзиро таманно мекунам.
        Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!