Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод – Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва паёми тозаи рӯзгори нав фаро расид. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, ҳамдиёрон ва кулли тоҷикони ҷаҳонро самимона табрику шодбош намуда, ба хонадонатон сулҳу субот, оромӣ ва осудагӣ таманно мекунам. Бигузор, офтоби пурҳарорати наврӯзӣ ба қалби ҳар як тоҷикистонӣ нуру зиё бахшад ва дар замири тамоми мардуми ин сарзамин эҳсоси накӯкорӣ ва созандагиро бедор намояд
Иди Наврӯз, яке аз беҳтарин ва бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз таърихи беш аз ҳазорсоларо дар бар мегирад ва онро ҳамчун рамзи сари сол, зиндашавии табиат, оғози мавсими кишту кори баҳорӣ ва баробаршавии шабу рӯз ҷашн мегиранд.
Беҳтарин баҳо ва тавсифи Наврӯз, моҳият ва аҳаммияти таърихию умумимиллӣ ва умумибашарии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода, дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд:«Наврӯзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст». Ҷаноби Олӣ Наврӯзро тимсоли покизагию озодагӣ, накӯкорию хайрихоҳӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ҳисобида, тарғиб ва талқин намудани ҳамраъйӣ ва ҳамдилӣ, ҳувияту ваҳдат байни инсонҳо, пос доштани хотираи неки гузаштагон, арҷ гузоштан ба ҷойҳои муқаддас, ба ҷо овардани эҳтироми шахсҳои куҳансолу мукаррамро аз ҷумлаи фазилатҳои бешумори дигари умумибашарии он медонанд. Воқеан, Наврӯзи хуҷастапай дорои ҳамин ва аз ин бештар хусусиятҳои накӯ буда, тавассути суннату расму ойин ва арзишҳои он асрҳои аср ҷавҳари бебаҳои сиришти миллии мо ҳифз ва аз насл ба насл интиқол ёфта, то замони мо омада расидааст.
Мардуми Бадахшонзамин аз замонҳои қадим аз моҳият ва мазмуни ойину анъанаҳои наврӯзӣ огоҳии комил доштанд ва кӯшиш менамуданд, ки онҳоро риояю ҳифз ва аз насл ба насл интиқол диҳанд, зеро ин маросиму ойинҳо ҳаёту фаъолияти мардумро ба танзим дароварда, муносибат, муошират ва умуман, ахлоқу зебоипарастии онҳоро мураттаб сохта, ваҳдату ҳамгироии ҷомеаро дар пешорӯи ҳар гуна хатару офатҳо таъмин месохтанд.
Ҷойиз ба қайд аст, ки яке аз паҳлуҳои муҳими ойини наврӯзӣ ин дасти кумак ва мадад дароз намудан ба корафтодагон ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа мебошад. Алалхусус, дар лаҳзаҳои мушкил ба мадади ҳам шитофтан аз ойини беҳтарини мардуми мо мебошад.
Наврӯзи имсола дар Тоҷикистони биҳиштосои мо дар замони омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад, ки кулли хурду бузрги ватанамон дар марҳилаи ободониву созандагӣ ва дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ин санаи муқаддасу тақдирсоз қарор доранд.
Имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи фархунда корҳои ободониву созандагӣ дар қаламрави вилоят авҷи устувор дошта, итминонамон комил аст, ки сокинони шарафманди вилояти мо низ баҳри ободиву созандагӣ камари ҳиммат баста, барои пешрафти диёри хеш талоши воқеӣ менамоянд. Аз ин рӯ, мо умеди калон дорем, ки 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифта, дар қатори дигар ҳамватанон баҳри пешрафту ободонӣ ва бунёди иншооти гуногун гомҳои устувор хоҳем гузошт.
Дар ин росто, ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои мо буда, дар ҳамдастӣ бо ҳам мо қодир ҳастем, ки тамоми монеаҳоро паси сар намуда, дар заминаи таҳкими ҳувият ва ваҳдати миллӣ, густариши анъанаву арзишҳои бостонӣ, меҳру садоқат ба забону муқаддасоти давлатӣ, ҳимояю ҳифз аз марзу буми Ватан, бо меҳнати ҳалолу масъулияти баланди худ барои рушду инкишофи минбаъдаи кишвар, аз он ҷумла, Бадахшонзамин, саҳми муносиб гузорем.
Бо ин ниятҳои хайр, бори дигар ҳамаи ҳамватанони азизро бо ҷашни хуҷастаи Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон хушбахтию хушиқболӣ ва дар амалӣ сохтани амалҳои нек муваффақияту комёбиҳои нав ба навро орзу менамоям!

Шогун баҳор муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!