Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд

Имрӯз дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштин бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.

Баҳри дарёфт намудани шоҳҷоизаҳои (3 электромобил) раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паҳлавонон аз давлати дусту ҳамсояаамон Узбекистон ширкат варзиданд.

Дар баробари мусобиқаи варзишии гӯштин, дигар намуди бозиҳои варзишӣ аз ҷумла волейбол, бандкашӣ, дави наврӯзӣ байни занон, дави наврӯзӣ бо масофаи 3 км байни мардон, гурҳбардорӣ ва кабкҷангу хурӯсҷанг баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани сурудӣ миллӣ оғоз гардида, раиси вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ тамоми иштирокдоронро бо ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, меҳмонон ва варзишгароне, ки аз давлати Узбекистон ва вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд, хайримақдам гуфтанд.
Пас аз суханрони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба меҳмони фахрии чорабинӣ Хушқадам Хусравов туҳфаи арзишманд тақдим намуда, бозиҳои варзишӣ оғоз гардиданд

Дар қатори гӯштини миллӣ, ҳамчунин варзишгарон дар дигар намуди бозиҳои миллиямон қувваозмоӣ намуданд.

Дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол дастаи ноҳия Рӯшон 2 сазовори ҷойи якум, дастаи Рушон 1 сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Шуғнон сазовори ҷойи сеюм гардиданд ва бо мукофти пулӣ ва ҷом ҳавасманд гардиданд.

Ғолибони мусобиқаҳои варзиши дави наврӯзӣ, бандкашӣ ва кабкҷангу хурусҷанг бо мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.

Шакармамад Мирмамадов варзишгари Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Хоруғ дар мусобиқаи гӯштин аз худ маҳорати баланди варзиши нишон дода, Шоҳҷоизаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, электромобилро дар вазни +86 соҳиб гардид.
Ҳамзамон дар вазнҳои 71 кг ва 86 кг варзишгарони Узбекистон соҳиби электромобилҳо гардиданд.

Варзишгароне, ки сазовори ҷойҳои дуюм сеюм гардиданд бо туҳфаҳои арзишманд аз ҷумла яхдон ва телевизорҳои калон қадр карда шуданд.

Инчунин ҷавондухтарон низ бо туҳфаҳои гаронарзиш қадрдонӣ гардиданд.