Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Машварати васеи назди раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо мавриди баррасӣ қарор додани ду масъалаи асосӣ баргузор гардид

Аз руйи масъалаи рафти иҷрои қарори раиси ВМКБ аз 21. 03. 2021 оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2020, №709 “Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030” муовини раиси вилоят Авзалшо Муслима маълумот манзур намуд. Вобаста ба ин масъала гуфта шуда, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва омода намудани кадрҳои тиббӣ ҳадафҳои олӣ ва самти муҳими рушди соҳаи тандурурстӣ ба ҳисоб мераванд.

Ба хотири таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо кадрҳои баландихтисос бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тибии вилояти Хатлон пас аз хатми мактабҳои олӣ шартномаи сетарафа бо ректорони донишгоҳҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баста шуда, аз онҳо тақозо мегардад, ки давоми се сол омада, дар ҳудуди вилоят аз руйи ихтисосашон кор кунанд. Айни замон 277 нафар донишҷӯён дар донишгоҳҳои тиббии ҳудуди кишвар таҳсил доранд, ки аз онҳо 176 нафарашон тариқи квотаи Президентӣ, 36 нафар тариқи буҷавӣ ва 65 нафарашон ба тариқи шартнома таҳсили илм доранд. Иброз гардид, ки дар баробари ҳамаи муваффақиятҳои соҳа ҳанӯз кабудиҳои низ ҷой доранд.

Зимни таҳлили масъалаи мазкур раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ масъулини соҳаи тандурустии вилоятро вазифадор намуд, ки кадрҳои ҷавони соҳаро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд ва ба онҳо шароити мусоиди икориро фароҳам созанд. Дар ин зимн даъват ба миён гузошта шуд, ки мактаби устод-шогирдро ташкил кунанд. Дар доираи дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якбора дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сохтмони касалхонаҳо оғоз гардида, бомаром идома дорад.

Аз руйи масъалаи дуюми рӯзномаи машварат “Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”муовини раиси вилоят-сарпарасти соҳаи ҷавонон Фурқати Ҳукумат ахборот пешниҳод намуд. Ба гуфтаи мавсуф барнома аз 10 самт ва 39 банд иборат буда, зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Давоми соли 2025 ва се моҳи соли 2026 ҷиҳати боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу Ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, гирифторшавӣ ба бемориҳои мухталиф аз руйи барномаи мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, 116 адад суҳбату мулоқот ва мусобиқаҳо гузаронда шуданд.

Пас аз баррасии пурраи масъалаҳо Раиси вилоят ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят аз роҳбарон масъулияти ҷиддиро тақозо намуд. Ҳамзамон, дар ҷараёни кори машварат раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои кишоварзиву ҳифзи муҳити зист барои бунёд намудани боғҳои нав ва барқарор кардани боғҳои куҳна ва ҳамзамон равнақ додани корҳои ободониву созандагӣ вазифадор гардиданд.