Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 100 % ИҶРО ШУД

Чун анъана ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯзи аввали он иҷро намуданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ раҳпаймоҳии оммавӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳри Хоруғ, бо иштироки қишри васеи ҷомеа, афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақари вилоят, даъватшавандагон, кормандони идораву муассисаҳо, устодону донишҷуён, собиқадорон, ҷавонону занон баргузор гардид.

Зимни баромади худ, баромад Раиси вилоят зикр дошт, бо қаноатмандӣ ва ифтихори бузург иброз медорам, ки ҷавонони саодатманди Бадахшон соли ҳаштум аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар рӯзи аввали сафарбаркунӣ, сарбаландона иҷро менамоянд.

Ин аст, ки Роҳбари хирдаманди давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин муносибати пешгирифтаи ҷавонони ватандӯсти вилоятро намунаи олии дастгирии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишонаи садоқату вафодорӣ ба сарзамини аҷдодиамон маънидод намуда, борҳо ба ҷавонони вилоят ва умуман, мардуми вафодори Бадахшон сипоси хешро баён сохтанд.
Зикр гардид, ки дар муддати 35 – соли замони Истиқлол, ҚМ ҶТ роҳи пуршарафи садоқату ҷавонмардӣ, далерию қаҳрамониро тай намуда, борҳо исбот намуданд, ки сипари боэътимоди Давлату ҷамъият, арзишҳои волои миллӣ, муқаддасоти миллат ва марзу буми Ватани азиз мебошанд.

Бо қаноатмандӣ қайд бояд кард, ки айни замон, дар тамоми қисмҳои низомии кишвар барои хизмати ҷавонон шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҷавонон дар рафти адои хизмати ҳарбӣ имконият пайдо мекунанд, ки ба дониш ва малакаҳои муосири ҳарбӣ соҳиб гардида, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавию ахлоқӣ неруманд гарданд.

Гуфта шуд, ки набояд фаромӯш сохт, ки наваскарони имсола дар марҳилае ба хизмати Модар-Ватан мераванд, ки кулли мардуми шарифи Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовор аз ҷашни муқаддаси таърихӣ, яъне 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз дида истодаанд, аз ин рӯ, масъулияти шумо дар адои хизмат ва муҳофизати ҳаёти осоиштаву меҳнати бунёдкоронаи халқи кишвар дучанд мебошад.

Дар охири баромад раиси вилоят ба наваскарон хизмати содиқонаву софдилона ба Ватан-Модар таманно намуда, барои падару модари чунин ҷавонмардон арзу сипос баён доштанд.

Ҳунармандони аҳли фарҳанги вилоят беҳтарин барномаи консертиро бо сурудҳои ватандӯстона манзури ҳозирин гардониданд