Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Мурғоб

Санаи 4 апрели соли равон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати иштирок дар чорабинии Наврӯзии ноҳияи Мурғоб, ки санаи 6 апрел баргузор мегардад, сафар карданд. Дар ин сафар раиси вилоятро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ, муовинони раиси вилоят ва бархе аз сардорони идораву муассисаҳои вилоятӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Нахуст, раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Аличори деҳаи Аличор бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаи томактабӣ барои 60 ҷой, майдончаи варзишӣ ва гармхонаи муосир, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, шинос гардиданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ сокинони ин деҳаи овозадорро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, таъкид дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизи мо то охирҳои моҳи апрел сокинони деҳаҳои дурдаст имкон доранд, Наврӯзи хуҷастаро таҷлил менамоянд ва дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ санаи 6 апрел Наврӯзи ноҳияи Мурғоб баргузор мегардад. Дар баробари чорабиниҳои фарҳангӣ инчунин мусобиқаҳои варзишӣ низ ба роҳ монда мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ноҳияи Мурғоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, сол аз сол ободу зебо шуда истодааст. Бахшида ба 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия иншоотҳои зиёде сохта шуда истодаанд ва аз ҳамин рӯз корҳои сохтмонӣ дар 4 муассисаи томактабӣ оғоз гардида то ҷаншни муқаддасимиллӣ 35-уминсолгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардори қарор дода мешаванд. Мақсад аз бунёд намудани чунин муассисаҳо ҷалб намудани насли наврас ба илмомӯзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ мебошад.

Дар баромади худ раиси вилоят аз дастгириҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду пешрафти ноҳия ёдовар шуд.
Сипас, бо иштироки раиси вилоят, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ ва раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния дар майдони 6 гектар дар марҳилаи аввал ниҳолшинонӣ оғоз гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар ин мавзеъ 3 ҳазор ниҳолҳои сояафкан шинонда мешаванд.