МУРҒОБ. МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИДОМА ДОРАД
Имрӯз, 5 апрел, дар маркази ноҳияи Мурғоб бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ, роҳбарону кормандони идораву муассисаҳои вилояту ноҳия ва сокинону ҷавонон доир 4 гектар боғ бунёд гардид, ки дар он ниҳолҳои сояафкан шинонда шуданд.
Ин иқдоми сарсабзгардонию хуррамгардонӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, солҳои охир дар ин ноҳияи дурдасту зебоманзар чунин боғҳо бунёд гардида истодаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ҳадаф аз ташкили маъракаи ниҳолшинонӣ, ин беҳтар гардондани муҳити зист, зебосозии макони зист ва саҳмгузорӣ дар ободониву созандагӣ мебошад.
Раиси ВМКБ барои дуруст нигоҳубин ва таъмин намудани дараҷаи баланди сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда ба масъулон дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.




