Мурғоб. Боздид аз иншоотҳои сохташаванда
Дар доираи сафари корӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ аз иншоотҳои ҷашнӣ дидан карданд.
Нахуст, Раиси вилоят ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии Ҷамоати деҳоти Ғ. Бердибаев дидан намуда, ба сохтмончиён
бобати саривақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншооти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иншооти мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи декабри соли 2025 оғоз гардида то ҷашни муқаддаси миллӣ 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардори қарор дода мешаванд. Дар кори сохтмонии бинои мазкур ҶДММ “Навобод” фаъолият дошта, сохтмончиён асосан, аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Ғ. Бердибаев айни замон корҳои сохтмони дар маркази саломатӣ низ бо маром идома дорад.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ раиси вилоят бо сохтмончиёни ин бино, ки зодагони шаҳри бостонии Кӯлоб мебошанд, суҳбат намуда, барои корҳои анҷомдодашуда ба онҳо изҳори сипос баён доштанд.
Инчунин, раиси вилоят аз фаъолияти муассисаи томактабӣ дидан кард.
Зимни шиносоӣ бо лоҳиаи сохтмони боғи фарҳангию фароғатии Ҷамоати деҳоти мазкур сокинони ин маконро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик гуфта, аз дастгириҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, таъкид дошт то таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ боз чандин иншоотҳои соҳаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии ноҳия мавриди истифода қарор дода мешаванд ва ҳамаи ин иқдомҳо баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти кории нерӯгоҳи офтобӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нозироти андоз ва лоиҳаи сохтмони муассисаи томактабӣ дар маркази ноҳия шинос гардиданд.




