Мурғоб. Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз
Санаи 6 апрели соли 2026 дар ноҳияи Мурғоб Наврӯзи оламафрӯз бо расму русуми аҷдодӣ таҷлил гардид.
Дар тантанаи Наврӯзи ноҳия раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши маҳсулоти дастранҷи ҳунармандони ноҳия дидан намуда, барои чунин дастовардҳои беназир ба сокинони баҳои арзанда доданд.
Зимни баромад раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ сокинони сарбаланди ноҳияи Мурғобро ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, зикр дошт тавъам омадани Наврӯзи имсола бо санаи муқаддасу мубораки 35 –умин солгарди Истиқлоли давлатӣ тасодуфӣ набуда, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон ва бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Пешвои миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ба худ мақоми ҷаҳониро касб намуда, имрӯз на танҳо дар Ватани Наврӯз, балки кишварҳои дигари дунё низ бо риояи анъанаҳои неки ниёгон қайд карда мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷашни Наврӯз яке аз пуршукӯҳтарин оинҳои ниёгонамон буда, бо фарорасии худ аз омадани фасли баҳор ва оғози соли нави аҷдодӣ мужда медиҳад.
Он рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ буда, ҳамчун суннати ниёгони мо, ифодагари пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ дониста мешавад.
Раиси вилоят дар баромади худ таъкид бар он дошт, ки дар Бадахшонзамин Наврӯзи оламафрӯз бо расму оин ва суннатҳои фарқкунандаи ба худ хос таҷлил карда мешавад.
Аз ҷумла, Наврӯзи ноҳияи Мурғоб хусусият ва умимиятҳои худро доро мебошад, зеро дар ин гӯшаи зебои Ватани азизамон имрӯзҳо–тоҷикону қирғизон дар фазои ваҳдату ҳамгироии иҷтимоӣ умр ба сар бурда, анъанаҳои неку ҷовидонаи наврӯзии ду халқи ба ҳам дӯстро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.
Вобаста ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноҳия гуфта шуд, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ муқаддаси 35 –солагии Истиқлоли Ватани азиз дар ноҳия бунёди 111 иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ ба маблағи 180 млн.172 ҳазор сомонӣ ба инобат гирифта шуда, то имрӯз 100 иншоот истифода дода шудаанд, ки аз он 14 объекти соҳаи иҷтимоӣ ва 4 корхонаи саноатӣ мебошанд. Дар баробари ин, берун аз нақшаи тасдиқгардида, боз сохтмони 40 иншооти дигар низ дар назар дошта шудааст.
Бояд қайд намоям, ки иқдоми неки дарахтшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар қаламрави ноҳия тайи се соли охир ба ҳукми анъана даромада, то имрӯз зиёда аз 15 ҳазор дарахтони сояафкан ва ҳатто мевадиҳанда, аз ҷумла хучу ангат низ шинонида шудаанд, ки имрӯз аксарияти онҳо дар сабзиш қарор доранд.
Мо ин ташаббуси наҷибро маҳз бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда, майдони онро ҳамасола васеъ ва Мурғобро дар ояндаи наздик ба мавзеи сабзу хуррам табдил хоҳем дод.
Ҳамчунин дар ояндаи наздик дар ноҳия бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист гармхонаҳои доимоамамлкунанда сохта шуда, бозорҳои ноҳия бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин хоҳанд гардид.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ низ сокинони сарбаланди ноҳияи Мурғобро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик карда аз таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин минтақа ҳарф заданд.
Барномаи фарҳангӣ аҳли ҳунари вилоят анҷомбахши чорабинӣ гардид.




