ВМКБ. Бахшида ба Рӯзи илм конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ: илм, ҷомеа ва моделҳои рушди устувор» бо иштироки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков баргузор гардид. Дар кори он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок намуд.
Пеш аз оғози ҳамоиши илмӣ-назариявӣ намоиши асарҳои пурмазмуни илмию бадеии олимони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков ба намоиш гузошта шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ҳайати расмӣ аз намоиши асарҳои тозанашри олимони Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков дидан намуданд.
Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иқтидори зеҳнии минтақаҳои баландкӯҳ: илм, ҷомеа ва моделҳои рушди устувор» ба кори худ оғоз намуд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар оғози суханронӣ кулли аҳли илму маорифро бо Рӯзи илм табрик намуда, зикр дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи рушду инкишофи илму маориф афзалият дода, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба ин соҳа тадбирҳои судманд андешидааст.
Роҳбарияти вилоят таъкид дошт, ки масири эҳё, рушд ва таҳкими соҳаи илму маорифи миллӣ дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, эҳёи давлатдории навини тоҷикон, равнақи хоҷагии халқ ва боло бурдани мақому манзалати миллат дар арсаи байналмилалӣ кори саҳлу осон набуд.
Хушбахтона, бо хиради азалии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ҳамчун омили рушду инкишофи давлат имрӯз ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди он корҳои бузург анҷом дода шудаанд.
Барои дастгирии муҳаққиқон ва пешбурди фаъолияти илмии онҳо аз ҷониби Ҳукумат грантҳо таъсис дода шуда, ҳамасола аспирантон, магистрантон ва унвонҷӯён бо стипендияҳои махсус дастгирӣ меёбанд.
Раиси ВМКБ дар идомаи суханронӣ бо ёдоварӣ аз суханони Сарвари давлат иброз дошт, ки дар Паёмҳо ва мулоқотҳои навбатӣ пайваста ҷомеа ба илмомӯзӣ, донишандӯзӣ ва ихтироъкорӣ раҳнамун карда мешавад.
Дар мулоқоти Пешвои миллат, ки ду сол пеш бо аҳли илму маорифи мамлакат баргузор гардида буд, масъалаҳои марбут ба рушди илму маориф ба таври амиқ мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков аз ҷумлаи марказҳои муҳими таҳқиқоти илмӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, ба омӯзиши таърих, фарҳанг, забон, адабиёт, иқтисодиёти мардум, навоварӣ ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ машғул мебошанд.
Дар идомаи кори конференсия доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Саторзода дар мавзӯи нақд ва адабиётшиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ баромад намуда, бо истинод ба суханони Президенти мамлакат таъкид дошт, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз рушди илму маориф самти афзалиятнок маҳсуб ёфта, ба он таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад.
Зикр гардид, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз илму маорифи пешрафта вобастагӣ дорад ва имрӯз заминаи мустаҳками он гузошта мешавад.
Мудири шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ба номи Аҳмади Дониш, доктори илмҳои таърих, профессор Абдурашидов Фозил дар мавзӯи «Таърихнигории таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад намуда, зикр дошт, ки истиқлолияти давлатӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам овард.
Имрӯз нашри таҳқиқоти ҷиддӣ ва рисолаҳои бунёдӣ, инчунин дастраси хонандагон гардидани осори олимони таърихшинос, далели рушди марҳилаи нави таърихнигории миллӣ мебошад.
Дар ҷараёни ҳамоиш доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарӣ Охониёзов Варқа дар мавзӯи нақши озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тақвияти зарфияти зеҳнии кӯдакону наврасон баромад намуда, зикр дошт, ки давоми 8 сол ин озмун бо ибтикори Президенти мамлакат баргузор гардида, таваҷҷуҳи ҷомеа ба китобхонӣ сол аз сол меафзояд.
Тибқи таҳлилҳо, то имрӯз беш аз як миллион довталаб дар ин озмун фаъолона иштирок намуда, дониш, истеъдод ва маҳорати худро нишон додаанд.
Директори Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков Абдулназарзода Абдулназар ва директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳоким Қаландариённиз баромад намуда, доир ба масъалаҳои муҳими илмӣ андешаронӣ карданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як қатор олимону муҳаққиқон ва кормандони соҳаи илму маориф барои фаъолияти пурсамар, таҳқиқоти арзишманд ва саҳми назаррас дар тарбияи кадрҳои баландихтисос бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.




