Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ. Фаъолияти семоҳаи аввали соли 2026 натиҷагирӣ шуд

Ҷаласаи “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои марҳилаи минбаъда” баргузор гардид.

Кори ҷаласаи ҷамъбастиро раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ оғоз бахшида изҳор дошт, иштирокдоронро бо рӯзномаи ва раванди кории он шинос намуд.

Аз руйи масъалаи баррасишаванда “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои марҳилаи минбаъда” муовини раиси вилоят ахборот манзур намуд.

Гуфта шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ВМКБ ба 282,6 миллион сомонӣ расонида шуда, ҳаҷми содирот 0,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5,6 фоиз зиёд арзёбӣ мегардад. Ҳаҷми хизмати пулакӣ бошад дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 42,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои муовини раиси вилоят нақшаи қисми даромади буҷети ВМКБ дар семоҳаи якум бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,1 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 68,9 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 1,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра нақшаи қисми буҷети вилоят аз руи даромадҳои худӣ ба андозаи 101,5 фоиз таъмин карда шуд.

Дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҷонибӣи низоми бонкии минтақа ба мабалағи 88,8 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31,5 фоиз ё худ 21,2 миллион сомонӣ бештар арзёбӣ мешавад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 3,9 миллион сомонӣ ё 4,4 фоиз ба соҳаи саноат, 5,5 миллион сомонӣ ё 6,2 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ, 678 ҳазор ба соҳаи сохтмон, 100 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нақлиёт рост меояд.

Дар идомаи ахбороти муовини раиси вилоят қайд гардид, ки ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 дар вилоят ҳазору 991 субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шуда, 9 ҳазору 229 нафар соҳибкорни инфиродӣ ва 762 нафарро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.
Дар вилоят 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 411,3 миллион доллари амрикорӣ амалӣ шуда истодаанд. Маблағи умумии азхудшуда 329 миллион доллари амрикоӣ ё 80 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад. Ба Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2026-2030-юм 336 лоиҳа бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо арзиши умумии 19 миллиарду 907,3 миллион сомонӣ ворид гардидаст, ки ба ҳолати 1-уми апрели соли равон дар 58 банд корҳо оғоз ва идома дошта, маблағи истифодашуда 310,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин 1,6 фоизи маблағи умумӣ ва 17,3 фоизи лоиҳаҳоро дар бар мегирад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи иякуми соли 2026 50,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин даври ҳисоботӣ дар соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад.

Дар доираи Нақша-чорабиниҳо ба истиқболи таҷлили сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми апрели соли равон 1469 иншоот бо дарназардошти иншооти берун аз нақша сохта ба истифода додашуда 107,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар се моҳи соли 2026 113,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 2,8 миллион сомонӣ зиёд гардид ва 102,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 82,9 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дрода шуд, ки аз он ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо 40,7 гектар, картошка 21,2 га, сабзавот 3,2 га ва зироатҳои хуроки чорво 17,9 га-ро дар бар мегирад.

Дар идома муовини раиси вилоят ҳамзамон, соҳаҳои иҷтимоиро мавриди таҳлил қарор дода, дар ин зимн гуфта шуд, ки давоми се моҳи аввали соли равон 434 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 46 нафарашон сазовори ҷойи аввал гардиданд. Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардида, теъдоди иштирокдорони он 10 ҳазору 826 нафарро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбати соли 2025 3 ҳазору 412 нафар зиёд мебошад. Дар даври якуми озмуни “Шоҳномахонӣ” 19 ҳазору 787 нафар ширкат варзида, 2 ҳазору 62 нафар ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд. Муовини раиси вилоят оид ба соҳаҳои тандурустиву фарҳанг, кор бо занон ва ҷавонон, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳу нақлиёт, илм ва дигар сохторҳои дахлдори Мацомоти иыроияи щокимияти давлатии ВМКБ маълумот манзур намуд.
Пас аз пешниҳоди ахборот аз ҷониби муовини раиси вилоят раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ дар алоҳидагӣ аз тамоми сардорони идораву муассисаҳо пурсиш ба амал овард.

Зимни ҷамъбасти кори ҷаласаи “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар се моҳи соли 2026 ва вазифаҳо барои марҳилаи минбаъда” раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид дошт, ки соли равон мардуми саодатманди тоҷик ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукуҳу ҷалоли хос таҷлил менамоянд ва дар робита ба ин дар ҳар як деҳаву маҳалла сохтмони як иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин дар назди масъулини соҳаи фарҳанг вазифа гузошта шуд, ки ҳар рӯзи шанбе барномаҳои идонаи фарҳангиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташкил кунанд, то мардум фазои идонаро эҳсос намояд.

Дар идома раиси вилоят оид ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини корам, васеъ намудани заминҳои кишт, рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ, васеъ намудани майдони боғот, кишти лаблабуи қанд, пиёзи сурх ва лубиё, пешгирӣ аз ғасби ғайриқонунии замин ва буридани дарахтон ба масъулин дастур дод, ки бо истифода аз рӯзҳои гарми баҳорӣ корро ҷоннок кунанд. Ба гуфтаи роҳбари вилоят соли равон дар қаламрави вилоят бунёди 200 гектар боғ дар назар дошта шудааст.
Бунёди Паркҳои саноатӣ, то 125 фоиз расондани маҷмуи маҳсулоти саноатӣ дар ҳар ноҳия ва шаҳри Хоруғ, дастгирии соҳибкорон, сохтмони муассисаҳои томактабӣ аз дигар масъалаҳое буданд, ки роҳбари вилоят ба онҳо дахолат намуд.

Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ роҳбари вилоят аз сохтмончиён ва шахсони мутасаддӣ тақозо намуд, ки сифати маҳсулоти сохтмониро ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода, дар иншоот бештар аз масолеҳи сохтмонии ҳудуди вилоят истифода кунанд.