Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Хоруғ бомаром идома доранд

Субҳи рузи 14-уми апрел раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати аз наздик шинос гардидан бо раванди корҳои бунёдӣ дар иншооти таъиноти гуногун дар шаҳри Хоруғ боздид анҷом доданд.

Нахуст, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ аз маҳҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ки айни замон бо иқдоми соҳибкорон дар ин мавзе корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд, боздид карданд. Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хоруғ ба макони ободониву созандагӣ мубаддал гардида, дар ҳамаи маҳаллаҳо корҳои созандагӣ авҷи тоза дорад. Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои Рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Хоруғ чандин корхонаву коргоҳои саноатӣ бо мусоидати Ҳукумати Ҷуммҳури Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкорони ватнӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Айни замон дар маҳаллаи Тем, ки ба макони саноатӣ мубаддал гардидаст, бунёди корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнашикан, корхонаи истеҳсоли мебел ва мебели мулоим, корхонаи банду басти мева ва сабзавот, корхонаи истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, 2 корхонаи банду басти партовҳои сахти майшӣ, корхонаи коркарди сангҳои нимқиматбаҳо ва корхонаи коркарди оҳан бо маром идома дошта, то таҷлил аз 35 -умин солгарди Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Раиси вилоят барои бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, ҷиҳати ободониву созандагии ҳар як корхона ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Бо бунд ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ сокинони шаҳри Хоруғ бо ҷойи корӣ доими таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии хешро беҳтар месозанд.

Дар заминаи рушди соҳаи маориф ва бунёди ҳар чӣ бештари кудакистонҳо айни замон дар маҳҳалаи Тем бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бунёди бинои кудакистон барои 60 ҷой идома дорад.
Баъдид боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони терминали мусофиркашонии шаҳри Хоруғ воқеъ дар бозори 20- солагии Истиқлолият дидан кард. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар терминали мазкур корҳои сохтмони аз руи нақша рафта истода ва то муҳлати муайянгардида ба истифода дода мешавад.