Сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Дарвоз
Санаи 15 апрели соли равон ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Дарвоз раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ноҳия сафар намуда аз иншоотҳои сохташаванда дидан ба амал овард.
Нахуст, дар Ҷамоати деҳоти Вишхарви деҳаи Курговад раиси вилоят бо лоҳиҳаи сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ва муассисаи томактабӣ барои 60 ҷой шинос гардиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дуошиёна буда барои 144 хонанда пешбини гардидааст. Муассисаи мазкур баъд аз ба истифода додан бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин мегардад. Раиси вилоят аз дастовардҳои ноҳия дар самти маориф ёдовар гардида, ҳамаи инро дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуд.
Таъкид гардид бо бунёди чунин муассисаҳои соҳаи маориф омӯзгоронро зарур аст, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми муносиб гузошта диққати ҳар як хонандаро ҷиҳати аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва илмҳои муосир равона созанд.
Сипас, дар деҳаи Тоғмай бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Зимни суҳбат раиси вилоят бо хонандагон ва сокинони ин деҳа таъкид дошт, ки соҳаи маориф дар зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус роҳбари давлат қарор дошта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳамасола баргузор гардида истодаанд. Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба таълиму тарбияи фарзанд, ғамхорӣ ба ояндаи неки миллат ва давлат мебошад.
Дар идомаи сафар дар деҳаи Тоғмай бо иштироки раиси вилоят ниҳолҳои мевадиҳанда шинонда шуданд.
Дар деҳаи Ҷорф низ корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабӣ барои 60 ҷой бо маром идома дорад. Раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дидан намуда иброз дошт айни замон дар қаламрави вилоят дар 48 муассисаи томактабӣ корҳои сохтмонӣ авҷи тоза доранд ва мақсад аз бунёди чунин боргоҳи илму маърифат ҷалби кудакону наврасон ба илмомӯзӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошанд.




