Сафари кории Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Ванҷ
Пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҷиҳати аз наздик шинос шудан аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда ба ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд. Дар ноҳияи Ванҷ нахуст, раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Водхуд аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ дидан намуда, ба масъулин ва роҳбарони сохтмонӣ дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд, дар муҳлатҳои муайянгардида ва мутобиқ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шаванд.
Сипас, сафари кории Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ҷовидони деҳаи Ҷовидон идома ёфта аз рафти корҳои сохтмонии хонаи фарҳанг дидан кард. Таъкид гардид соҳаи фарҳанг низ дар баробри дигар соҳаҳо дар замони соҳибистиқлолии мамлакат рушд намуда, бунёди чунин муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷамоатҳои дурдаст ниҳоят муҳим мебошад.
Дар Ҷамоати деҳоти Техарв Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи томактабӣ, толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Удоб боздид намуда, барои соҳибкорон ва шахсоне, ки дар ободониву созандагӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ саҳмгузор мебошанд изҳори сипос намуд, таъкид дошт, ки ноҳияи Ванҷ ҳамеша бо паҳлавонони номбардору парчамбардор ифтихор дошта, бо бунёди чунин иншоотҳои варзишӣ боз чандин парчамбардорон ба монанди Сомон Мамадбеков, Хушқадам Хусравов ва дигарон тарбия ёфта муаррифгари давлату миллат мегарданд.
Дар охир раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, барои саривақт ба истифода додани иншоот тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд




