Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Язгулом. Корҳои ободони вусъати тоза касб намуданд

Дар доираи сафари корӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ санаи 16 апрели соли равон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташаванда дар Ҷамоати деҳоти Язгулом шинос гардид. Ҷамоати деҳоти Язгулом бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба макони ободониву бунёдкорӣ табдил ёфта, дар ҳамаи деҳаҳо корҳои сохтмонӣ ба назар мерасад. Зимни сафар ба водии Язгулом раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони хонаи фарҳанг шинос гардида, ҷиҳати ба талаботи замон ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани он масъулинро муваззаф намуданд.
Ҳамзамон, дар деҳаи мазкур раиси вилоят ҷиҳати сохтмони китобхона, ки дар сафари кории моҳи феврал аз ҷониби сокини деҳаи Жамак баррасӣ гардид, супоришҳои ҷиддӣ доданд. Сипас, раиси вилоят аз муассисаи томактабии деҳа боздид намуда, бо тарбиятгирандагон суҳбати самимӣ доир намуданд.

Дар деҳа Андарбак корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабӣ ва деҳаи Вишхарв сохтмони китобхона дартарафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Пас аз боздид аз иншоотҳои сохташаванда Раиси вилоят аз фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар дигар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан кард. Тарбиятгирандагон дар чунин боргоҳи илму маърифат ҳамарӯза ба китобхонӣ ва забономӯзӣ банд буда дар васфи Ватан, Модар ва Пешвои миллат шеърҳо қироат карданд. Ҷиҳати ҷалб намудани ҳамаи насли наврас дар ин водии дурдаст ба масъулин супоришҳои иловагӣ дода шуданд.

Раиси вилоят дар деҳаи Будун аз фаъолияти китобхона дидан карда бо фаъолони китобхона, ки пайваста барои мутолиаи китобу асарҳои бадеӣ ба ин макон ташриф меоранд суҳбат анҷом дод. Раиси вилоят аз хонандагон ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии бахусус “Фуруғи субҳидоноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва дигарон даъват ба ҳамал овард.

Ҳамзамон, раиси вилоят бо сокинони ин деҳа дар назди китобхона суҳбати озод ороста аз дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуданд. Сокинони водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз ғамхориҳо ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнуди намуда, иброз доштанд, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил аз санаи муқаддасу таърихӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.