Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВАНҶ. Ҳафтаи саводнокии молиявӣ баргузор гардид

Санаи 16 апрели соли равон аз ҷониби Шуъбаи минтақавӣ Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ дар хонаи фарҳангии Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом ҳафтаи саводнокии молияви Global money week баргузор гардид. Дар баргузории ин чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирок дошта, нахуст аз маҳсулоти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба намоиш гузошта дидан карданд.

Сипас, дар толори хонаи фарҳангии деҳаи Мотравн чорабини бо суханронии мудири Шуъбаи минтақавӣ бонкӣ миллӣ дар шаҳри Хоруғ Қозидавлатзода Зайнулараб оғоз гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни баромад таъкид дошт, ки қабули “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарияти олии кишвар мебошад.
Тавре, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид.

“Рушди устувори иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама аз таъмини фаъолияти босамари низоми молиявӣ ва бонкии кишвар вобастагии амиқ дорад’. Ин нуқтаҳо бори дигар собит менамоянд, ки фарогирии молиявӣ на танҳо як самти соҳавӣ, балки омили муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Гуфта шуд, ки ноҳияи Ванҷ низ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти фарогирии молиявӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар ноҳия: зиёда аз 100 воситаи пардохтии электронӣ насб гардида, тибқи ҳисоботҳои оморӣ тавассути 53 адад воситаҳои пардохтӣ электронӣ дар маҷмуъ 2 849 амалиёт ба маблағи 473 877 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст, ки мутаносибан аз шумораи амалиёт 41 фоиз аз руи маблағи гузаронида шуда 72 фоиз маблағ гузаронида шуд.

Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки фарҳанги истифодаи хизматрасониҳои молиявии муосир дар байни аҳолӣ тадриҷан боло рафта истодааст.

Дар фарҷоми чорабинӣ бо мақсади болида гардонидани хотири иштирокчиёни аз ҷониби кормандони фарҳангӣ вилоят барномаи рангини фароғатӣ пешниҳод карда шуд.