Ванҷ. Оғози мусобиқаи гуштингирӣ
Тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни байналмилалӣ – Наврӯзи бостонӣ то имрӯз дар кишвари азизу маҳбубамон идома дошта, мардуми сарбаланду шукргузори тоҷик дар фазои ваҳдату ҳамгироии иҷтимоӣ онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва бо риояи урфу одат, расму русум ва анъанҳои неки ин оини бостонии ориёӣ қайд менамоянд.
Дар баробари баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ инчунин мусобиқаҳои варзишӣ низ дар сатҳи зарурӣ доир гардида, паҳлавонони зиёдеро гирди ҳам меоранд.
Чунин тантанаҳои варзишӣ субҳи имрӯз дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ доир гардиданд. Дар ин мусобиқаи гуштингирӣ ҷиҳати дарёфт намудани ду шоҳҷоизаи раиси вилоят автомашинаҳо паҳлавонон аз Ҷумҳурии Узбекистон ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ватани азизамон ба ноҳияи Ванҷ ташриф оварданд.
Раиси вилоят ва дигар меҳмононро аҳли фарҳанг дар Наврӯзгоҳи ноҳияи Ванҷ бо созу суруд пешвоз гирифтанд.
Сипас, раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ тамоми иштирокдоронро бо ҷашни бузурги ниёгонамон Наврӯзи оламафрӯз табрик намуда, иброз дошт, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ ва бевосита сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам сохт, то арзишҳои олии ориёиямон аз нав эҳё гардида, миллати моро ҳамчун миллати бостонӣ ва тамаддунсозу тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд. Хосатан, Истиқлоли давлатӣ ба ҷашну маросим, анъанаву русуми аҷдодӣ шукӯҳу ҷалоли нав бахшид, яъне онҳоро умри дубора дод, ки аз ҷониби аҳли башар хуш пазируфта шуданд.
Гуфта шуд, доир намудани бозиҳо ва мусоибқаҳои варзишӣ дар фарҳанги мардуми ориёитабор, аз он ҷумла тоҷикон ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл ба ҳукми анъана даромада буд. Чунин оини неки ниёгон аз танумандӣ, солимию чолокӣ ва мавҷудияти тарзи ҳаёти солими ниёгони пуршарафи мо гувоҳӣ медиҳад.
Қайд гардид, бо фароҳам сохтани шароити мусоид барои тамрину варзиш ва иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ба ифтихори варзишгарони кишвар борҳо Парчами миллат боло бардошта шуда, Суруди миллӣ садо дод.
Тайи се соли охир дар баробари рушди бесобиқаи ВМКБ, сифати баргузории чорабиниҳои гуногун, аз он ҷумла, варзишӣ ҳам хеле боло рафтааст. Ҷиҳати рангоранг намудани зиндагии ҳамарӯзаамон, бо дастури бевоситаи Сарвари муаззами давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз чорабиниҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ ва варзишӣ доир мегарданд.
Дар интиои баромад раиси вилоят бори дигар ҳамаи меҳмонон- варзишгарон, ҳайати ҳакамон ва ровиёни чорабиниро ба Бадахшонзамин хайра мақдам гуфта, ба варзишгарон дар қувваозмоӣ музаффарият таманно намуданд.
Раиси вилоят ба меҳмонони фахрӣ, ки дар соҳаи варзиш Парчами давлатиро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштанд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Пас аз лаҳзаи барномаи мусиқӣ рақобат байни варзишгарон оғоз гардид.




