Роштқалъа. Бунёдкорӣ авҷи устувор дорад
Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумимиллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз иншооти сохташаванда дар ноҳияи Роштқалъа доир гардид.
Боздид аз Ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншо Гадоалиев шуруъ гардида, ҳайати расмӣ бунёди муассисаҳои томактабӣ, майдончаи варзишӣ, парки технологӣ иборат аз 9 корхона, бунёди гармхонаҳои замонавӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худоберди ба масъулини корҳои сохтмонӣ ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда ва бо сатҳу сифати мутобиқ ба талаботи меъмор сохта ба истифода супурдани объектҳои ҷашнӣ дастури мушаххас доданд.




