д. Шитам. 10 гектар боғи нав бунёд гардид
Бо мақсади ба кишвари сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ ва васеъ намудани майдони боғот, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иқдомот амалӣ гардида истодааст. Ин иқдом дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи муҳити зист ва тавсеаи фазои сабз дар тамоми манотиқи кишвар сурат мегирад.
Ин навбат дар деҳаи Шитами ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон маъракаи муҳими ниҳолшинонӣ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ҷалби роҳбарону кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ, ва оммаи васеи сокинони ин ноҳия баргузор гардид. Ниҳолшинонӣ яке аз корҳои ободониву созандагӣ ва гулгулшукуфии диёр ба ҳисоб рафта, аз самараи он солҳои охир вилоят симои худро дигар намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки боғ дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, дар он зиёда аз 4000 бех дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себу зардолу шинонида шудаанд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ин мавзеъ боғ бунёд гардида, айни замон нисфи дарахтони шинонидашуда дар нашъунамои хуб қарор доранд. Бо афзоиши масоҳати боғот дар ин мавзеъ на танҳо симои табиии деҳа беҳтар мегардад, балки барои бошандагони маҳаллӣ имконияти истифодаи меваи тару тоза ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ фароҳам меояд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо сокинон суҳбати самимӣ анҷом дода, аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат яке аз самтҳои муҳими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва умуман ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои муҳити зист, кабудизоркунӣ ва ободонии диёр сол аз сол афзуда, ин равандро аҳолии кишвар бо дилу ҷон дастгирӣ менамоянд.




