Номаи табрикотии муовини Раиси маҷлиси миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати 81-солагии Рӯзи Ғалаба
Ҳамасола дар Тоҷикистони биҳиштосои мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри ҳифзи марзу бум ва халқи худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Оре, кулли хурду бузурги миллати мо ҳар сол Рӯзи Ғалабаро ҳамчун як саҳифаи пурифтихори таърихӣ ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан таҷлил менамоянд ва соли равон аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 81 сол сипарӣ гардид.
Ба ин муносибат, собиқадорони меҳнат ва кулли мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба фарорасии Рӯзи Ғалаба сидқан табрик гуфта, ба хонадони мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизу маҳбубамон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.
Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва оромиву сулҳу субот ҷони худро нисор намудаанд, сари таъзим фуруд меоварем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба таъкид доштанд, ки “Дар таърихи инсоният санаҳое астанд, ки гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар баён мегардаднд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромушнашаванда мақому манзалати хос дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои мо тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ мебошад”.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъ баҳри дифои сарзамини хеш сафарбар гардиданд, ки дар ин радиф ҷавонмардони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ қарор доштанд.
Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва хурду бузург бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ҳамеша таҳти шиори Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас фаромуш намешавад, ёд мекунанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини сарбозону афсарон бо маводҳои ғизоӣ ва дигар лавозимотҳои зарурӣ саҳми муносиби худро мегузоштанд.
Агар мо ба таърих нигарем, Рӯзи Ғалаба моро водор месозад , ки сулҳ чизи арзишманд аст, ва онро бояд ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намуд. Зеро ин рӯз ба насли ҷавон имконият медиҳад, ки қаҳрамонии падару бобоёни худро фаромӯш накунанд ва аз таърихи гузашта сабақ гиранд.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватан равона созад .
Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар 81-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.
Ид муборак, ҳамватанони азиз!



