Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Маросими ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 дар ВМКБ

9 майи соли 2026 дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании дар боғи ғалабаи шаҳри Хоруғ, маросими гулгузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид.
Дар маросим Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиё иштирок намуданд.

Иштирокдорон бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотираи неки шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ доштанд.

Гуфта шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Ҳамзамон, дар ин макон ҷиҳати арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ маросими тантанавии насби сутунпоя ва барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.

Ин иқдом дар асоси доираи сиёсати хирадмандонаю ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, яке аз ташаббусҳои муҳими тарбиявию ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад