Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ноҳияи Ишкоши

Ба истиқболи ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва саҳми соҳибкорону сокинони ватандӯст дар ноҳияи Ишкошим иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, барои рушди соҳаҳои мухталиф ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаҳои устувор гузошта мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ 12 май Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз ҷараёни корҳои ободонӣ дар Ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим шинос шуданд.

Дар ноҳия корҳои бунёдӣ маркази хизматрасонӣ, хонаҳои баландошёна, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои томактабӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бо суръат идома дорад. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дастур дода шуд, ки ҳангоми бунёд ба санъати меъмории миллӣ, устуворӣ ва зебоии сохтмон, инчунин ҳифзи муҳити зист диққати ҷиддӣ дода шавад.