Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Табрикоти Раиси Федератсияи волейболи Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати ғолибияти дастаи якачини волейболи ВМКБ дар чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол

Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки тайи се соли охир таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиши вилоят бесобиқа рушд намуда, дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодааст.

Дар ин росто, бо мусоидати ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ба бунёди инфрасохтори соҳа таваҷҷуҳи махсус равона гардида, варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шарафу номуси ҷумҳурӣ ва вилоятро шарафмандона ҳимоя менамоянд.

Мавриди зикри хос аст, ки дар заминаи таваҷҷуҳи пайвастаи Федереатсияи волейболи Бадахшон, ин намуди варзиш дар вилоят ҳамаҷониба рушд карда, имрӯзҳо варзишгарони вилоят дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сарбаландона иштирок меварзанд.

Дар доираи Нақша – чорабиниҳои Федератсияи волейболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди волейбол дар ҷумҳурӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чемпионати ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол баргузор гардид, ки хушбахтона, дастаи якачини «Бадахшон» дар марҳилаи ниҳоӣ бар дастаи «Душанбе – 1» бо ҳисоби 3:0 пирӯзии комилро ба даст овард.

Федератсияи волейболи Бадахшон бо эҳтиром, ин ғолибиятро барои дастаи мазкур, мураббиён ва кулли сокинони шарафманди ВМКБ табрику муборакбод гуфта, изҳори итминон менамояд, ки чунин дастовардҳо дар оянда низ зиёдтар хоҳанд шуд.