ВМКБ. ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ
Ҳамасола моҳи май дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони кормандони касбу кори гуногун, вазорату кумитаҳо, корхонаю муассиса ва ташкилоту идораҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор мегардад. Ин иқдом дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ роҳандозӣ гардида, субҳи 17 май кулли хурду бузург дар чорабинии мазкур иштирок намуданд.
Дави миллӣ ва марафони велосипедрони бо садо донаи суруди миллӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ оғоз гардид.
Сипас раиси вилоят муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ иштирокдоронро бо фарорасии Рӯзи ҷавонон ва дави миллӣ шодбош намуда, иброз намуд, ки баcо рамзист, ки зери сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола ҳафтаи сеюми якшанбеи моҳи май дар саросари кишвари азизамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи “Дави миллӣ” бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мегардад.
Гуфта шуд, ки варзиш василаи муҳимми нигоҳ доштани солимии ҷомеа маҳсуб ёфта, ҳар як варзишгар ба воситаи он миллату давлати худро муаррифӣ мекунад ва барафрохтани Парчами давлатию садо додани Сурудӣ миллӣ ифтихори ватандӯстию ватанпарастиро дар ниҳодаш афзун месозад.
Баргузории Дави миллӣ дар Ватани маҳбубамон нишоне аз сулҳу оромӣ, якдиливу якмаромӣ, сарҷамию муттаҳидӣ, инчунин арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон мебошад.
Дави миллӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ то майдони боғи Ғалабаи шаҳри Хоруғ баргзуор гардид.






