Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии футбол ва кушодашавии Лигаи футболи Бадахшон мулоқоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо дастаи футболбозони «Помир» баргузор гардид
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва кушодашавии Лигаи футболи Бадахшон мулоқоти раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо ҳайати футболбозони дастаи «Помир» баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси вилоят вобаста ба нақшаву чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Федератсияи футболи вилоят оид ба беҳтар намудани машқу тамринҳо ва омодагии дастаи мунтахаби вилоят ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳо ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки бозии футбол яке аз дӯстдоштатарин намудҳои варзиш миёни мардум буда, имрӯзҳо дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ин намуди варзиш дар ду-се соли охир дар ҳудуди вилоят рушд намуда, муҳайё гардидани инфрасохтори зарурӣ ба рушди минбаъдаи футбол дар вилоят мусоидат карда истодааст.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки имрӯзҳо дастпарварони вилоят дар тимҳои беҳтарини ҷумҳурӣ бозӣ мекунанд, ки ин далели шавқу рағбати ҷавонони вилоят ба футбол ва ҳамзамон маҳорати хуби варзишии онҳо мебошад.
Қайд гардид, ки бо таъсиси Лигаи футболи вилоят таваҷҷуҳи ҷавонон ба ин риштаи варзиш дучанд гардида, имрӯз теъдоди дастаҳои футболбозон дар вилоят ба даҳ адад расидааст.
Роҳбарияти вилоят аз натиҷаҳои бадастовардаи даста изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки варзишгарон бояд минбаъд низ ҷаҳду талош намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд, зеро омодагии хуби ҷисмонӣ яке аз омилҳои муҳими муваффақияти бозингарон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини раиси вилоят, ки ҳамзамон вазифаи раиси Федератсияи футболи вилоятро ба уҳда дорад, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, бахусус Раиси вилоят, изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки тими мунтахаби вилоят тамринҳоро боз ҳам тақвият дода, кӯшиш менамояд дар сатҳи ҷумҳурӣ номи вилоятро баланд бардорад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба Федератсияи футболи вилоят як қатор лавозимоти варзишӣ тақдим карда шуд, ки далели возеҳи ғамхориҳои роҳбарияти вилоят нисбат ба футболбозон мебошад.
Ҳамчунин, ба нишони эҳтиром ва қадрдонӣ аз дастгириҳои пайвастаи ҳукумати вилоят, аз номи ҳайати дастаи мунтахаби вилоят либоси варзишӣ ва тӯби футбол ба раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ тақдим гардид. 






