ВМКБ. БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ БАРГУЗОР ГАРДИД
22 майи соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали бошукӯҳи футбол баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мазкур муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон Нураҳмад, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Ҷалил Искандар, муовинони раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, сокинону меҳмонон, мухлисон ва собиқадорони соҳаи варзиш иштирок доштанд.
Муовини якуми раиси вилоят Сафарзода Шарифхон Нураҳмад чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, ки соли равон миллати тоҷик 35-умин солгарди онро бо шукуҳу шаҳомати бузург қайд менамояд, дар қатори дигар соҳаҳо варзиш низ инкишофи бесобиқа намуд.
Ҷоиз ба қайди махсус аст, ки сиёсати оқилона ва ҷавонпарваронаю варзишдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имконият муҳайё сохт, ки инфрасохтори соҳа таҷдид ва иншооти нави варзишӣ, ба шумули муассисаҳои миёнаву олии варзишӣ, таъсису бунёд гарданд.
Дар ин замина ба яке аз маҳбубтарин намуди варзиш, яъне футбол, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, таҳкурсии моддию техникии он устувор гардида, лигаҳои миллӣ ташкил ва мурраббиёни шоиставу доварони касбӣ ба воя расиданд.
Гуфта шуд, ки бо мусоидати Пешвои муаззами миллат, Роҳбари Давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба СММ манзур гардид.
Хушбахтона, ин ташаббуси наҷиби таърихӣ, бо аз ки қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул ва рӯзи 25-уми май – ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд.
Қайд гардид, ки футбол имрӯз на танҳо яке аз варзишҳои маъруфтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, балки ҳамчун василаи муҳими тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди ҷисмониву равонӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеа нақши муассир дорад.
Чорабинӣ бо баргузории барномаҳои рангини варзишиву фарҳангӣ идома ёфта, кӯдакон ва ҷавонон,ки ба ин варзиши рақами як шавқу рағбати беандоза доранд, маҳорати баланди варзишии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар идома ба дустдорони футбол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Сипас, барои ба даст овардани Суперҷоми Лигаи футболи Бадахшон дастаи Помири Бадахшон ва дастаи “Рӯшон’-и ноҳияи Рӯшон бо ҳам рақобат оғоз намуданд.




