Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони хушиқбол ва саодатёри Ватан!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса ҳамаи Шумо, ҷавонони саъодатманди кишвари соҳибистиқлоламонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, бароятон сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор ва дар кору пайкори зиндагӣ муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.

Маҳз нерӯи бузурги иҷтимоӣ, созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъиятӣ будани ҷавонон, давлати соҳибистиқлоли навбунёди мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба ин қишри бонуфузи ҷомеъа таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои муҳайё сохтани шароити арзандаи ҳаётӣ ва фаъолияти самаранок тадбирҳои зиёди судмандро амалӣ намуд.

Дар ин росто саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад. Бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Роҳбари давлат заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳаётӣ ва касбии ҷавонон ташаккул ва таҳким ёфта, дар сиёсати давлатӣ чун захираи стратегӣ эътироф гардиданд ва мавқеи калидиро дар ҷомеа касб намуданд.
Таърихи бостон, миёна ва навини миллати тоҷик нишон медиҳад, ки фарзонфарзандони Ватан маҳз аз овони ҷавонӣ ба илму ҳунар рӯ оварда, дар роҳбарӣ, корнамоиву ҷонфидоиҳо ҳамто надоштанд ва баҳри ҳифзи манфитаҳои миллӣ чандин шоҳасари таърихиро эҷод намуданд.

Ҳақиқатан, ҷавонони Тоҷикистон нерӯи созандаи Ватани азиз буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа арзишманд ва назаррас мебошад. Ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Соли 2025 Пешвои муаззами миллат дар Паёми ироагардидаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки “ Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд. Ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки ҷавонон дар он нақши фаъол надошта бошанд”.

Бигузор, ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд. Парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагиву бунёдкориҳоро баландтар афрохта, доимо дар сафи пеши созандагӣ қадам гузоранд!

Итминонамон комил аст, ки ҷавонони мо дар ин соли таърихӣ, 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барои вусъати амалҳои бунёдкорӣ ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ самимона талош намуда, дар таҳкими амнияти халқу миллат, сулҳу субот ва боз ҳам баландтар бардоштани Парчами миллӣ саҳми босазои худро мегузоранд.

Бо ибрози чунин орзуҳои нек бори дигар кулли ҷавонони Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан, ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак, фарзандони бахтёри Ватан!