Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Ҳамкориҳо байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон тақвият меёбанд

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ош Кенжебаев Аманкан Батырбекович мулоқот анҷом дод.

Ҷониби Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ ҳамзамон раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода ва ҳайати дигар низ ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни мулоқот оид ба муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ табодули афкор сурат гирифт.

Таъкид шуд, ки дар заминаи сиёсати дӯстона ва ҳамсоягии сарони ду кишвар, муносибатҳои ду халқи ба ҳам дӯсту бародар таҳким ёфта, барномаҳои вижаи ҳамкорӣ барои солҳои минбаъда ба тавсиб расиданд.

Раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ зикр кард, ки маҳз ба шарофати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои ҳамгироӣ байни ин ду давлати дӯсту бародар дар солҳои охир тақвият пайдо карда, шароити мусоид барои руфту омад ва рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба таври бесобиқа таъмин гардид.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои густурдаи минбаъда ва таҳкими муносибатҳо дар самти рушди туризм, гардиши молу маҳсулот ва инчунин боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои дӯстона изҳори умедворӣ намуданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва ҳайати Тоҷикистон дар ин сафар, ҳамчунин дар фестивали байналмилалии сайёҳии “Салом Ош” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин фестивалу ҳамоишҳо на танҳо барои рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ мусоидат мекунад, балки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталиф низ ба сатҳи баланд мебардорад.