ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ ДАР БАДАХШОН
Рӯзи дуюм аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи Ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор гардида истодааст. Санаи 23 май дар майдони варзишии маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ чорабинии бошукӯҳи варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол доир гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов, муовинони раиси вилоят, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сокинону дустдорони футбол иштирок доштанд.
Зимни баромад раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ҳозиринро бо ин ду ҷашни бузург Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол шодбош намуда, аз дастовардҳои соҳаи варзиш бахусус футбол дар ду соли охир ёдовар шуданд. Дар баромади худ раиси вилоят ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои ҳамаҷониба изҳори сипос баён доштанд.
Сипас, ҳайати меҳмонон туҳфаҳои хотиравиро ба кӯдакон ва иштирокчиёни тақдим намуданд.
Пас аз қисмати расмии чорабинӣ, сабқат байни дастаҳои Медиа Лигаи Душанбе ва Хоруғ Сити оғоз гардид.




