Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикотии муовини Раиси Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол.

Ҳамдиёрони азиз, дустдорони футбол.

Мояи ифтихору шодмонист, ки соли дуюм кулли хурду бузурги ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии футболро бо як шукуҳу шаҳомати махсус таҷлил менамоянд ва миллати сарбаланди тоҷик аз он ифтихорманд аст, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон., Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба СММ манзур гардид.

Хушбахтона, ин ташаббуси наҷиби таърихӣ, бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул ва рӯзи 25-уми май – ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.

Аз ин ру, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон, минҷумла ҳаводорони варзиш ва дустдорони футболро бо ин рӯз сидқан табрик намуда, ба ҳамагон рӯзгори неку осуда, хонаи обод, осмони софу беғубор ва ба вазишгарон музаффариятҳои беназирро таманно менамоям.

Имрӯз ба хотири музаффариятҳои тимҳои миллӣ ва варзишгарони шуҳратёри мо дар арсаи ҷаҳонӣ Парчами миллӣ барафрохта шуда, Суруди миллӣ танинандоз мешавад. Бо ин васила варзиши миллӣ ба яке аз омилҳои муррифкунандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва нишондиҳандаи сатҳи рушди рӯзафзуни ҳамаҷонибаи кишвар мебошад.

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият муҳайё гардид, ки инфрасохтори соҳа таҷдид ва иншооти нави варзишӣ, ба шумули муассисаҳои миёнаву олии варзишӣ таъсису бунёд гарданд.

Дар ин замина ба яке аз маҳбубтарин намуди варзиш, яъне футбол, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, таҳкурсии моддию техникии он устувор гардида, лигаҳои миллӣ ташкил ва мурраббиёни шоиставу доварони касбӣ ба воя расиданд.

Рушди бемайлони футбол дар Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки тимҳои миллии кишвар, аз он ҷумла, яккачини он, эътибори футболи тоҷикро дар ҷаҳон баланд намоянд.