Номаи табрикотии муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муносибати фаро расидани Иди Қурбон
Ҳамдиёрони арҷманд!
Тамоми мардуми мусулмони олам, аз ҷумла сокинони шарафманди кишвари азизи мо рӯзи 27-уми майи соли равон иди саиди Қурбонро ҷашн мегиранд.
Таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон имсол ба даврае рост омад, ки дар саросари кишвари азизамон ҷашни бузургу муқаддаси 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад ва дар тамоми гушаву канори мамлакат корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома доранд.
Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азиз бо ин ид табрик ва таҳният гуфта, барои Шумо пеш аз ҳама тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.
Боиси ифтихор аст, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз файзи муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон истиқлоли давлатӣ имрӯз сокинони мамлакатамон ҳамаи расму ойинҳои милливу динии худ, аз ҷумла фаризаҳои иди саиди Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонии халқамон мебошад, шукрона карда, онро чун неъмати қиматтарини ҳаётамон эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Таҷлили ин ҷашн рисолати созандагӣ ва ободонӣ, дӯстию бародарӣ бо ҳамдигар, поксозии қалбҳо, дастгирии ниёзмандон ва мустамандон, таҳкими ахлоқи ҳамида, ривоҷ додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизорикунӣ, пос доштани хотири гузаштагон, аёдати беморону барҷомондагон, баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа ва дигар фазилату хислатҳои нек мебошанд. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст аз фазилатҳои Иди саиди Қурбон бархӯрдор бошем.
Бо ҳамин орзую ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азизро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.



