Омодагиҳо ба Лигаи волейбол дар вилоят
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Лигаи вилоятии волейбол ҷаласаи корӣ назди раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид. Дар он муовини раиси вилоят, раисони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа, муовинони раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои дахлдор, намояндагони бахши ҷавонон ва варзиш, масъулини федератсияи волейбол ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш, бахусус миёни ҷавонон, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба омодагӣ барои баргузории Лигаи волейбол, аз ҷумла ҳолати толорҳои варзишӣ, таъмини таҷҳизоти зарурӣ, ҷобаҷогузории дастаҳо, сатҳи омодагии варзишгарон ва масъалаи доварӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар робита ба масъалаи ҷорӣ ва дастоварду имкониятҳои соҳаи варзиш дар вилоят сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ахборот дод. Зикри гардид, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқа тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, айни замон корҳои омодагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома доранд.
Қайд гардид, ки Лигаи волейбол бо мақсади рушди ин намуди варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонон, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва омода намудани дастаҳои пурқувват барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ мегардад.
Зимнан раисони Федератсияи лигаи волейбол дар шаҳру ноҳияҳо интихоб гардиданд. Раиси вилоят Мирзонбот Алишер Худобердӣ, ҳамзамон раиси Федератсияи волеболи вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки ба масъалаи омодасозии толорҳои варзишӣ, таъмини риояи қоидаҳои баргузории мусобиқа ва фароҳам овардани шароити муносиб барои иштирокчиён диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар ҷаласа инчунин масъалаи ҷалби сарпарастон ва дастгирии дастаҳои иштирокчӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, масъулин изҳор доштанд, ки барои боз ҳам ҷолибу хотирмон баргузор гардидани лига аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд бурд.
Иштирокдорони ҷаласа баргузории лигаи волейболро қадами муҳим дар роҳи рушди варзиш дар вилоят арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин иқдомҳо барои таҳкими саломатии ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон ва муаррифии имкониятҳои варзишии минтақа аҳамияти калон доранд.




