ВМКБ. Соҳаи саноат дар зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад
Машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони шуъбаву идораҳои дахлдор, сардорони мақомотҳоии ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини аввали раиси вилоят Сафарзода Шарифхон вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси вилоят ҷиҳати амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022 таҳти №309 “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022–2026” гузориш дод. Қайд гардид, ки аҳамияти соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти кишвар калидӣ буда, истеҳсол ва коркарди ашёи хом барои амалишавии яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022–2026” барои рушди иқтисодиёти кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Соли 2024 дар минтақаи саноатии маҳаллаи Баракати шаҳри Хоруғ 7 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Соли 2025 бошад, паркҳои саноатӣ дар ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъа бо 12 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил ва ба истифода дода шуданд. Бо мақсади идомаи ин раванд, дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Рӯшон, инчунин паркҳои дуюми саноатӣ дар ноҳияи Роштқалъа ва минтақаи саноатӣ дар шаҳри Хоруғ корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Муовини раиси вилоят зимни ахборот аз дастовардҳои дигари соҳаи саноат низ ёдовар гардиданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ зимни баррасии масъалаи мазкур аз рушди соҳаи саноат ва зиёд гардидани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ дар се соли охир ёдовар шуда, ин дастовардҳоро қадами устувор дар роҳи таҳкими иқтисодиёти вилоят арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, ба шахсони масъул ҷиҳати назорати фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома — рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба татбиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат ахборот дод.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва татбиқи супоришҳои дар он ироагардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, бо усули “деҳа ба деҳа” ва “мактаб ба мактаб” вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардида истодаанд.
Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Раиси ВМКБ барои идомаи корҳои созандагӣ ва татбиқи саривақтии супоришҳои муайянгардида масъулини соҳаро вазифадор намуд ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ибрози назар намуда, масъулинро барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор намуд.




