Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

Номаи табрикотии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” Фарзандони азиз!

Ҳамасола 1-июн-Рузи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар сартосари ҷаҳон таҷлил мегардад, зеро ки ин рӯз ба ҳифз, дастгирӣ ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон бахшида шудааст.

Аз ин лиҳоз, тамоми кӯдакони хушбахти Тоҷикистони азизро бо фарорасии Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон табрик гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ ва хониши хубу аъло таманно дорам.

Ин рӯзи фархунда яке аз муҳимтарин ҷашнҳои инсонпарварона ба шумор рафта, рамзи ғамхорӣ нисбат ба кӯдакон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва таъмини шароити арзандаи зиндагиву таҳсил мебошад. Кӯдакон идомадиҳандаи насл, неруи созанда ва ояндаи давлату миллат мебошанд. Аз ҳамин хотир, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор дорад.

Боиси сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоӣ, таълиму тарбия, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбанд.

Дар солҳои охир дар мамлакат даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо қабул гардида, баҳри беҳтар намудани шароити зиндагии кӯдакон, дастгирии ятимону маъюбон, кӯдакони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.

Бунёди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои нав барои таҳсилу тарбияи насли наврас аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатии кӯдакон, пешгириии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани муҳити солими тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

Тарбияи кӯдакон танҳо вазифаи мактаб ва давлат нест, балки масъулияти муқаддаси ҳар як падару модар ва тамоми ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем.

Имрӯз кӯдакону наврасони вилоят бо дониш, истеъдод ва маҳорати худ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ иштироки фаъол намуда, обрӯю нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ба тамоми кӯдакону наврасон пеш аз ҳама саломатии бардавом, осмони соф, бахту иқболи нек, таҳсили аъло, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва расидан ба орзуву ормонҳои некро орзу менамоям.

Бигзор, ҳамеша хандаи беғаши кӯдакон фазои Ватани маҳбубамонро мунаввар созад ва сулҳу субот, ваҳдату оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидонӣ бошад.