Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ВМКБ семинари омӯзишӣ дар мавзуи  “Муаррифии нақша-чорабиниҳои амалисозии стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)” баргузор гардид

Дар кори семинари омӯзишӣ, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Амирбекзода Ҳабибуллоҳ баргузор гардид,  Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмалзода Нодир,   Сардори раёсати   агентии  назорати   давлатии  молиявӣ  ва  мубориза бо коррупсияи  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ВМКБ, раисони ноҳияи Шуғнону Рушон ва Роштқалъа, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони идораву муассисаҳои вилоятӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини раиси ВМКБ Амирбекзода Ҳабибуллоҳ  дар оғози кори семинари омӯзишӣ изҳор намуд, ки ҳадаф аз роҳандозӣ кардани он  муаррифӣ намудани бандҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро муқовимат ба ин амали номатлуб танҳо вазифаи ниҳодҳои низомиву интизомӣ набуда, фаъолияти муштаракро тақозо дорад.
Сардори Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акмалзода Нодир   коррупсияро яке аз омилҳои номатлуби ҷомеаи ҳар як кишвар унвон карда, изҳор дошт, ки он метавонад дар баробари коҳиш додани сатҳи болоравии иқтисодӣ, ҳамчунин, обрӯву эътибори ҳар як давлатро дар сатҳи байналмилалӣ  коҳиш диҳад.
Таъкид гардид, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 тасдиқ гардида, он аз 5 боб ва 195 банд иборат аст ва ба ду панҷсола тақсим шудааст.
Ба гуфтаи мавсуф дар марҳилаи якум амали нақшаи чорабиниҳо солҳои 2021-2025-ро дар бар гирифта, он аз 70 банд иборат буд. Иҷрокунандагони асосии он 22 Вазорату идораҳо вазифадор гардиданд. 66 банд ё 94 фоизи он иҷро гардид.
  Ҳамзамон, дигар иштирокдорон вобаста ба панҷсолаи дуюми марҳилаи амалишавии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 сухан ронданд.
Гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи рушди бобарору устуворро интихоб кардааст, мубориза бо коррупсияро яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб қарор додааст. Дар шароити афзоиши коррупсия арзишҳои миллӣ ва ахлоқии ҷомеа таҳти фишори шадид қарор гирифта, эҳтимолияти таназзули иҷтимоӣ меафзояд. Бе муболиға таъсири коррупсия ба ахлоқи ҷомеа паҳлӯи аз ҳама хатарноки ин падидаи зишт мебошад, чунки иваз шудани арзишҳои суннатӣ ба арзишҳои бегона ва аз байн рафтани меъёрҳои ҳамидаи ахлоқи инсонӣ натиҷаи бевоситаи афзоишу густариши коррупсия мебошад.
Аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба самтҳои асосии саволҳо пешниҳод гардида,  аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.