Skip to content Skip to main navigation Skip to footer

ЛИГАИ ВОЛЕЙБОЛИ ВМКБ ОҒОЗ ГАРДИД

Бо ташаббуси Федератсияи волейболи вилоят бахусус Раиси Федератсияи волейбол, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ лигаи волейболи вилоят байни мардон оғоз гардиданд.

Бо иштироки раиси Федератсияи волейболи вилоят, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ имрӯз дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ лигаи дуюми волейболи вилоят оғоз гардида дар он даста аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.

Зимни суханрони раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ дустдорони варзиш ва ҷамъомадагонро бо фарорасии яке аз ҷашнҳои муқаддас 29-солагии Рузӣ Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки бо фидокорӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи дастгириҳои ҳамаҷонибаи мардуми кишвар сулҳ дар Тоҷикистон барқарор ва пояҳои Истиқлоли давлатиямон устувор шуданд.

Гуфта шуд, ки айни замон омодагиҳо ба таҷлили 35-умин солгарди санаи бузургу муқаддаси миллӣ, яъне Истиқлоли давлатии Ватани азиз вусъати бештарро касб намуда истодаанд.

Чун дар саросари мамлакат дар радифи дигар бунёдкориҳо, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҳам, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш корҳои созандагӣ бемайлон идома доранд.

То имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои таҷлили сазовор аз ҷашни муқаддаси миллӣ, дар ҳудуди вилоят зиёда аз 155 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуда, то 9 сентябри соли ҷорӣ бошад, боз дар ин самт объекти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Таъкид гардид, ки мақомоти вилоят вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он минбаъд низ барои бунёди майдону толорҳои варзиш саъю кӯшиши бештар намуда, сафи варзишгарону дӯстдорони варзишро дар вилоят бамаротиб зиёд хоҳанд намуд.

Боиси хурсандӣ ва ифтихорамон аст, ки айни замон дастпарварони мактаби волейболи вилоят дар тимҳои якачини занонаву мардонаи ҷумҳуриямон бозӣ намуда, шарафи Ватанамонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳимоя менамоянд.

Ҳамчунин, зодагони вилоят ба тимҳои бонуфузи кишварҳои дигар даъват шуда, бо бозии шоистаи худ варзиши миллӣ ва умуман миллату давлатамонро муаррифӣ мекунанд.

Ҷоиз ба тазаккур аст, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи бозии тимҳои якачини занонаву мардонаи вилоят, бо мусоидати Ҳукумати мамлакат мо собиқ варзишгари варзидаи тими миллии Эрон, ҷоизадори чандинкаратаи мусобиқаҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, мураббии варзидаи сатҳи байналмилалӣ, муҳтарам Довуд Муқбилиро, аз кишвари дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват намудем.

Гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишдӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи бесобиқаи рушди ҳамаҷонибаи ВМКБ, бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар радифи дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамчунин, соҳаи варзиш низ равнақу инкишоф ёфта, варзишгарони вилоят, бо музаффариятҳои хеш борҳо Парчами миллиро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд хоҳанд бардошт.

Пас аз лаҳзаҳи барномаи фарҳангӣ дастаҳои Шуғнон 1 ва Роштқалъа 1 сабқатро оғоз намуданд.