МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ШАРТИ РУШДИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ
12-уми июни соли 2026 дар толори Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати ноҳияи Дарвоз таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – шарти рушди устувори давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Мирзонабот Алишер Худобердӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Рудобаи Мукаррам, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ – Ораз Муртазозода, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фотеҳ Қувватзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ – Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба хидматҳои Пешвои миллат, ҳифзи сулҳу субот, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дониста шуда, дар ҷараёни он аз тарафи меҳмонон дар мавзуъҳои «Саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими низоми ҳуқуқии Тоҷикистон», «Худшиносӣ – омили таҳкимбахши маърифати ҳуқуқӣ», «Дурнамои рушди иқтисодии ҷомеа ҳамчун заминаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ – омили бунёди ҷомеаи мутамаддин», «Маърифати ҳуқуқӣ – шарти рушди устувори давлат: нигоҳи исломӣ ва арзишҳои динӣ» маърузаҳои ҷолиб ироа гардид.
Зикр гардид, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шарти муҳимми рушди устувори давлати миллӣ буда, ба шаҳрвандон имкон медиҳад ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб донанд, аз манфиатҳои қонунии худ ҳимоя намоянд ва ва дар таҳкими волоияти қонун саҳм гузоранд.
Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки ҷомеаи муосир ба шаҳрвандони босавод, ҳуқуқшинос ва дорои эҳсоси баланди масъулият ниёз дорад. Зикр гардид, ки танҳо тавассути эҳтиром ба қонун ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ метавон ба суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар ноил гардид. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, махсусан дар байни ҷавонон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.
Дар қисмати музокира миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, сокинон ва фаъолони ҷомеа доир ба масъалаҳои марбут ба маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар пешрафти устувори давлату миллат пешниҳодҳои худро ироа намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи ноҳияи Дарвоз силсилакитобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим карда шуд.




