ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ФАРЗОНАФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТ
Таҳти роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, гурӯҳи шахсиятҳои намоёни вилоят, аз ҷумла ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бо мақсади гиромидошти хотираи неку ҷовидонаи фарзонафарзандони миллат ва зиёрати оромгоҳҳои шаҳидони Ватан – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин арбоби барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад ба шаҳри Душанбе сафар анҷом доданд.
Роҳбарияти вилоят ва ҳайати ҳамроҳон оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистонро зиёрат намуда, бо гузоштани гулчанбар ва адои эҳтироми хоса, хотираи неки онҳоро гиромӣ доштанд.
Зимни баргузории маросими зиёрат, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ саҳми арзандаи қаҳрамононро дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавии халқи тоҷик ёдовар шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки иқдому ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошти хотираи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, аз ҷумла интиқоли мушти хоки фарзандони барӯманди миллат ба Ватан, нишонаи эҳтироми амиқ ва арҷгузории баланд нисбат ба хизматҳои онҳо маҳсуб меёбад.
Зикр карда шуд, ки ин шахсиятҳои бузург дар давраи ҳассоси таърихӣ бо ҷасорату матонат манфиатҳои миллӣ ва давлатӣро болотар аз ҳама арзишҳо қарор дода, барои иҷрои рисолати ватандӯстона ҷони худро нисор намудаанд.
Таъкид гардид, ки чунин абармардони таърихӣ дар ташаккули пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифз ва рушди забон, фарҳанг, тамаддун ва таърихи ғании халқи тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар идомаи суханронӣ, Раиси вилоят афзуд, ки маҳз ҳисси баланди худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буд, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз гардид. Дар ин замина, суханони Қаҳрамони миллат Шириншо Шотемур «Куҷое набошам, дар миёни тоҷикон бошам!» ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ ва садоқат ба миллат арзёбӣ гардид.
Зикр гардид, ки дар шароити муосир таҳкими чунин арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла худшиносии миллӣ, ваҳдат ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, барои имрӯз ва ояндаи устувори кишвар аҳамияти калидӣ дорад.
Қайд карда шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ бо талошу заҳматҳои бузурги халқи тоҷик ба даст омада, дар таҳкими он нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, ҷомеаи кишвар ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардидааст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, имрӯз тамоми неруҳои солими ҷомеа атрофи сиёсати созандаи Роҳбарияти Олии давлат муттаҳид мебошанд.
Ёдовар бояд шуд, ки бо иқдоми наҷибонаи навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мушти хоки оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин арбоби намоёни сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москва ба Ватан интиқол дода шуда, дар шаҳри Душанбе бо эҳтироми хоса ба хок супурда шуданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин иқдомҳои таърихӣ нишонаи эҳтиром ва арҷгузории баланд ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни наслҳои оянда нақши муҳим мегузоранд.




